Умед Исоев пиразани маъюбро барои талбандагӣ ҷалб намуда, ба ин тариқ фоида ба даст меовардааст, хабар медиҳад раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Тибқи иттилои раёсат, “Умед Исоеви 30-сола бо мошини «Опел»-и худ ҳар рӯз пиразани ҳамдеҳаашро бо мақскади талбандагӣ ба Душанбе меоварад ва қисмати зиёди маблағҳои бо ин роҳ ба даст овардаи ин маъюби гурӯҳи 1-умро аз худ намуда, қисмати камашро ба пиразан медод”.

Айни замон нисбати Умед Исоев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.