Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз ҳодисаи куштор, ки модару писар фармоиш додаанд, пешгирӣ намуданд.

Сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ дар барномаи навбатии “Милитсия хабар медиҳад” дар ин робита изҳор намуд, ки модару писараш ба ҳабс гирифта шуда, баёнот медиҳанд.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, зани 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулқанди шаҳри Исфара Мағфират Қодирова ва писараш Неъматҷон Валиев ба як шахс ба ивази 5 ҳазор доллар куштори додарарӯси Қодирова - Абдусалом Валиев ва ҳамсарӣ ӯ Мунира Мадаминоваро, ки дар як хона бо онҳо зиндагӣ мекарданд, фармоиш медиҳанд.

“Ҳамчунин бо дастони ин шахс бояд зани 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд кушта мешуд, ки Қодирова бо шавҳари ӯ муносибатҳои ошиқона дошт. Шавҳари худи Қодирова дар зиндон адои ҷазо мекунад”, - хабар дод Шарифӣ.

Ба гуфтаи ӯ, куштори хешовандонро модару писар бо сабаби баҳси хона, ки ба бародарон аз волидонашон ба мерос монда буд, фармоиш додаанд.

Ба гуфтаи Абдусалом Валиев, Қодирова талаб мекардааст, ки ӯ ва ҳамсараш аз ин хона рафта, манзилро ба ӯ диҳанд.

“Неъматҷон Валиев ба корти бонкии шахсе, ки барои куштор киро карда буданд, як бор 10 ҳазор сомонӣ ва дафъаи дуюм - 6 ҳазор сомонӣ пул мегузаронад. Тибқи қарордод, пули боқимондаро ин шахс бояд баъиди анҷом додани кушторҳо мегирифт. Ӯ бояд ҷасадҳои кушташудагонро аксбардорӣ намуда, ба фармоишгар нишон медод”, - гуфта мешавад дар гузориш.

Аммо ин шахс ба милитсия меояд. Пас аз ин кормандони милитсия як саҳнаи сохтаи куштори яке аз фармоишшудагон - Абдусалом Валиевро таҳия намуа, онро аксбардорӣ ва ба фармоишгарон мефиристанд.

Дарҳол пас аз ин модару писар боздошт шудаанд. Нисбати онҳо ба гумони суиқасд ба куштори се нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳруммият аз озодӣ ба муҳлати аз 15 то 25 сол ё ҳукми ҳабси абад пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.