Прокуратураи ноҳияи Заречйеи шаҳри Тулаи Русия хулосаҳои айбномаро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 3 муҳоҷир, ки ба лату кӯби кормандони пулис айбдор карда мешаванд, тасдиқ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти прокуратура хабар медиҳад.

“Онҳо ба содир намудани ҷинояти дар қисми 1, моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия пешбиншуда (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) гумонбар дониста мешаванд”, - омадааст дар хабар.

Тибқи фарзияи тафтишот, шоми рӯзи 22 июл онҳо дар шаҳраки Октябрск дар ҳолати мастӣ қарор дошта, баъди эроди кормандони пулис дар мавриди риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бо мушту лагад ба онҳо дарафтодаанд, ки дар натиҷа кормандони пулис осеби ҷисмонӣ бардоштаанд.

Парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат 3 муҳоҷир ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳия фиристода шудаанд.

Аз дигар ҷузъиёти қазия хабар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз ВАО-и Русия зикр мекунанд, ки айбдоршавандагон - 2 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Тасдиқи хабари ВАО дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳоло муяясар нашуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи август 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои лату кӯби кормандони пулис дар Маскав ба муҳлати 3,5 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.