Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Меҳтар Ҷовидзода, мутахассиси шуъбаи хазинадории раёсати молияи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғдро бо гумони азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ боздошт кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии Агентӣ иттилоъ медиҳад.

“Номбурда ҳамчун сарпарасти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷ.Расулов вазифагузорӣ гардида, бо истифода аз барномаи электронии SGB.net., аз буҷети бахши мазкур маблағи умумии 109 ҳазору 500 сомониро бо роҳи сохтакории хизматӣ ба тассаруфи худ даровард, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид”- афзудааст манаъ.

Дар робита ба ҳолати мазкур, Агентӣ нисбати Меҳтар Ҷовидзода бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” (ҷарима ба андозаи аз 70 ҳазор то 117 ҳазор ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол) ва 323 (ҷарима ба андозаи аз 16 ҳазор то 23 ҳазор ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.