Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар шаҳри Бекободи вилояти Тошканд як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 14,9 кг ҳашиш боздошт кардаанд, хабар медиҳад хабарнигори “Podrobno.uz” бо такя ба шӯъбаи пулиси маҳаллӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнори сиёҳ-2022” дар шаҳри Бекобод манзиле, ки дар он шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекард, тафтиш карда шудааст.

“Дар натиҷа маълум гардид, ки дар хонаи хоби ӯ 14,9 кг маводи нашъадори ҳашиш бо мақсади фурӯш нигоҳдорӣ мешавад”, - хабар додааст манбаъ.

Дар ин ҳол, хабаргузорӣ ному насаби гумонбарро зикр накардааст ва дар навори нашргардида низ рӯи ӯ пӯшонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумонбар бар асоси қисми 5 моддаи 273-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст ва ҳоло аз 10 то 20 соли зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.