Парвиз Саидраҳмонов, ки гуфта мешавад, яке аз таблиғгарони гурӯҳи тундрави ДОИШ буда, бо лақаби “Абу Довуд” машҳур аст, як моҳ пештар ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш аз Туркия ба Тоҷикистон оварда шуда, муҳокимааш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз шудааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе навиштааст, ки ӯ "ба терроризму одамкушӣ, гаравгонгирӣ, ҷалб ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ташкилу раҳбарии созмони террористӣ гумонбар аст”.

Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои дарёти иттилои бештар дар робита ба рӯзи баргузории муҳокимаи нахустин ва додраси парванда аз Додгоҳи шаҳри Душанбе бенатиҷа анҷом ёфт.

Гуфта мешавад, ки  Парвиз Саидраҳмонови 35-сола дар чандин амали террористӣ дар Тоҷикистону Русия ва Шветсия гумонбар аст ва Интерпол бо дархости Русия ӯро ҷустҷӯй мекард.

Манбаъ навиштааст, ки ҳамроҳи Парвиз Саидраҳмонов ҳамсараш Мадина Бандаренко, шаҳрванди Русия ва чаҳор фарзандаш ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Оксана Ҷейлиева, модари Мадина Бандаренко, гуфтааст, аз мақомоти Русия хостааст, духтарашро ба он кишвар бибаранд.

"Духтари ман шаҳрванди Русия аст ва бо фиреб ӯро ба Сурия бурда буданд. Ҳоло хоҳиш дорам, ки ӯро бо фарзандонаш ба ватан баргардонанд",- афзудааст ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон "Абу Довуд"-ро аз таблиғгарони хатарноки ДОИШ медонистанд, ки ба иттилои онҳо "даҳҳо ҷавонро ба ҷанг дар Сурия ва Ироқ бурдааст".

Телевизиони TRT-и Туркия моҳи ноябри соли 2019 дар барномае ӯро дар зиндони шаҳраки Африни Сурия нишон дод ва ӯ аз худ "Фирдавс" ном мебурд. Дертар манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯро дар паноҳгоҳе дар Ҷараблуси Сурия диданд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон аз соли 2019 чаҳор бор барои истирдоди ӯ ба Туркия дархост фиристод, вале Анқара посух намедод. Истирдоди ӯ пас аз сафари вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба Туркия дар моҳи июли имсол имконпазир шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.