Додгоҳи шаҳри Душанбе Гурез Саидов, сокини ноҳияи Шоҳмансурро барои куштори духтари хурдсолаш ба мӯҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Дар ин хусус сомонаи Додситонии кулли кишвар хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, Гурез Саидовро бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” Кодекси ҷиноии кишвар гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин кардааст.

Гуфта мешавад, ки Гурез Саидови 67 сола (соли таваллудаш 1956) соҳиби 7 фарзанд буда, 28 уми октябри соли 2022 бо мақсади харидорӣ намудани доруворӣ хостааст аз ҷайби костюмаш маблағи пулӣ гирад, вале 1000 сомниро пайдо намекунад.

Ӯ духтари 12-солаи худро ба дуздии пул гунаҳкор карда, шадидан латукӯб мекунад. Кушишҳои ҳамсар ва фарзандони дигараш барои қатъи латукӯб натиҷа намедиҳад ва мард онҳоро низ зада, аз хона меронад.

Дар пайи латукӯби шадид, Мадинаи хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.