Мақомоти Русия алайҳи як зодаи 20-солаи Тоҷикистон, ки аз хоҳари ноболиғаш пуштибонӣ намуда буд, бо иттиҳоми авбошӣ ва расонидани зарари миёна ба саломатӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, шоми 22-юми феврали соли 2023 як сокини 20-солаи маҳаллӣ дар назди манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Волжское дар шаҳри Самара, нисбати кӯдаки 10-солаи рус, бо гумони он ки хоҳари 11-солаашро латукӯб мекунад, “даст ба амалҳои авбошӣ задааст”.
“Гумонбаршуда ҳамроҳи шиносонаш ба рӯй, сар ва тани падари писарбачаи номбурда чанд зарбаи мушту лагад задаанд. Як сокини хонае, ки дар наздикии он занозанӣ рух додааст, талош кардааст, ки муноқишаро қатъ кунад, вале гумонбарон ӯро низ захмӣ кардаанд”, - менависад Кумитаи тафтишоти Русия.
Мақомоти тафтишотӣ шахсияти ҳамаи иштирокчиёни муноқишаро муайян карда, ҳоло бар зидди сокини 20-солаи зодаи Тоҷикистон бо моддаҳои 213 ва 112, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноятии Русия (авбошӣ ва қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Гуфта мешавад, ки муфаттиш парвандаи мазкурро бораи чораҷӯӣ ва ба ҳабси пешакӣ гирифтани гумонбаршаванда ба суд ирсол кардааст.
Нашрияҳои маҳаллӣ қаблан хабар дода буданд, ки дар робита ба ин қазия як зодаи Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯ барои ҳимояти хоҳари 11-солааш аз латукӯби писари 10-солаи маҳаллӣ вориди муноқиша шудааст.
Хабаргузории русии “Самара-Безформата” менависад, ки гумонбаршаванда як зодаи Тоҷикистгон аст.
Ба навиштаи ин расона, муноқишаи байни мактаббачагон оғоз шудааст ва бачаҳо як духтари зодаи Тоҷикистонро латукӯб кардаанд. Наздикони духтар барои ҳифзи кӯдаки худ ба ҷои кори модари яке аз хонандагоне, ки дар занозанӣ ширкат дошт, рафта, хоҳиш кардаанд, ки бо падари кӯдак сӯҳбат кунанд. Дар натиҷа занозанӣ сар задааст.
Кумитаи тафтишотӣ гуфтааст ҳоло санҷиш идома дорад.



Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста