Додгоҳи вилояти Маскав имрӯз, 15-уми март, Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷикро 24 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдулло Тиллозода ба “Азия-Плюс” гуфт, “додгоҳи шаҳри Маскав Александр Сёминро қотил ва таҷовузгар эътироф карда, ба 24 соли зиндон маҳкум намуд”.
“Қотили фарзандам имрӯз ҷазои сазовор гирифт, зеро тамоми Тоҷикистон бо мо буд. Панҷ сол ин рӯзро интизор будем. Акнун рӯҳи духтарам шод аст”, - гуфт Абдусалом Саидов.

Нигина Тиллозода, модари Ҳувайдо, ки дар Тоҷикистон аст, гуфт, ки “дуояшро Худо шунид ва руҳи фарзандаш акнун ором аст”.
“Фаришати ман имрӯз ором гашт. Панҷ сол руҳану ҷисман шикастем, вале боз хестему даъво кардем”, - илова кард Нигина Тиллозода.
Волидони Ҳувайдо Тиллозода аз ҳамаи онҳое, ки дар ин муддат паҳлӯяшон буданд ва дастгирӣ карданд, аз ҷумла ба намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳори миннатдорӣ карданд.

Назари пайвандон ва вакили дифои Александ Сёмин дастрас нест.
Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.
Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.
Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.
Мишустин: Русия ва Тоҷикистон ба ҳимояи тиҷорат аз таҳримҳои Ғарб бештар таваҷҷуҳ мекунанд
Нишасти сарони кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ: Пекин аз минтақа чӣ мехоҳад?
Аз истирдоди ҷинояткорон то бозпас додани маҳкумшудагон. Мулоқоти додситонҳои кулли Тоҷикистону Эрон
Дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон имрӯз намози ҷумъа баргузор намешавад
Эмомалӣ Раҳмон ба амири Қатар қароргоҳи беруназшаҳрии Такобро нишон дод
Расулзода: "Тоҷикистон ба афзоиши содироти мол ба кишварҳои ИИАО омода аст”
Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Зардолуи Ашт ба Эрону Дубай ва Арабистони Саудӣ фурӯхта мешавад
“Ҷинояти ҷангӣ”. Авфи байнулмилал Толибонро ба муҷозоти оммавии сокинони Панҷшер гунаҳкор кард
Дар Тоҷикистон ҳудуди 400 ҳазор тонна ҳосили сабзавоту полезиҳо ҷамъоварӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста