Субҳи имрӯз, 25-уми май, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд мурофиаи Хуршед Фозилов, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик бидуни ширкати наздикону пайвандон ва рӯзноманигорон, паси дарҳои баста оғоз гардид. Дар ин бора наздикони рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Яке аз наздиконаш гуфт, онҳоро ҳатто расман ба мурофиа давъат накарданд, вале вақте онҳо назди бинои боздоштгоҳ рафтанд, нагузоштанд, ки дар мурофиа иштирок кунанд.
“Танҳо вакили дифоъ ба мурофиа даромад, моро нагузоштанд. Сабабашро ҳам шарҳ надоданд. Пештар гуфта буданд ки мурофиа кушод мегузарад. Ҳоло пушти дари боздоштгоҳ мунтазир шиштем”, - гуфт яке аз наздиконаш.
То лаҳзаи омода кардани хабар, мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов дар боздоштгоҳи Хуҷанд паси дарҳои баста идома дошт.
Қаблан, Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов бо ирсоли дархости расмӣ аз додрас хоста буд, ки мурофиа на дар дохили Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд, балки дар бинои Додгоҳи шаҳри Панҷакент баргузор шавад ва наздикону пайвандонаш дар рафти он ширкат кунанд. Ин дархостро додрас рад кардааст.
Ду ҳафта қабл, таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов ба итмом расида, ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ирсол шуда буд.
Дар пайи ин, модари рӯзноманигор бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.
Хуршед Фозилов, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.
Мақомот ӯро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста