Дар шимоли Тоҷикистон нисбат ба соҳибкор, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Я.Темиров барои ифлоскунии экология ва оби Сирдарё ду парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, хабар медиҳад Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд.
Зимни рейди ҳафтаи гузашта кормандони шуъбаи ҳифзи захираҳои оби раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва кормандони прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров далелҳои ифлоскунии сарчашмаҳои табиӣ - замину обро аз партовҳои фермаи хукпарварӣ воқеъ дар деҳаи Боғи болои ҷамоати деҳоти Ёва ошкор намуданд.
Ферма ба Темиров тааллуқ дорад. Нисбати ӯ аз ҷониби прокуратураи ноҳия мутобиқи моддаҳои 226 (Ифлос кардани об) ва 228 (Хароб кардани замин)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар моддаи якум корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 140 то 340 соат ё ҷарима ба андозаи то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар моддаи дуюм ҷарима ба андозаи аз 500 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо муқаррар шудааст.
Мувофиқи қонун “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, соҳибкор ба нафъи давлат 11 ҳазору 263,94 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста