Дирӯз, 31-уми май, ду манбаъ аз Коллегияи ҳарбии горнизони шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки муҳокимаи додгоҳии 5 сарбози пешин ва як афсари Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ барои латукӯби наваскарон ва нашри навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом ёфта, нисбати онҳо ҳукми додгоҳ эълон карда шуд. Аммо бо ишора ба он ки ҳукм аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуд, аз додани иттилои бештар худдорӣ карда буданд.
Қаблан, Додситонии кулли Тоҷикистон низ изҳор дошта буд, ки дар робита ба латукӯби сарбозони қисми ҳарбии 0215 Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ сержант Қосимзода Ҷ.А., қаториҳо Азимов Ф.Б., Камолов А.Ш., Нозимов М.Б. ва Сайфуллоев Ҳ.Ҳ. боздошт шуданд.
Ҳамчунин, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович низ боздошт гардидааст.
Додситонии кулли кишвар навишт, ки нисбати ҳамаи боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Имрӯз, 1-уми июн, “Азия-Плюс” навори лаҳзаи эълони ҳукмро, ки яке аз телевизионҳои маҳаллӣ сабт кардааст, дастрас ва баъзе ҷузъиёти қазияро ошкор намуд.
Дар навор дида мешавад, ки Матин Бобозода, додраси Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбати на 5 нафар, ки қаблан гуфта мешуд, балки 8 нафар ҳукми додгоҳро эълон мекунад.
Ҳамин тариқ, тибқи ҳукми додгоҳ:
- подполковник Нузхат Лазуриев, сардори собиқи комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Тоҷикистон барои сўиистеъмоли ҳокимият ва аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадан (моддаи 391 қисми 3 банди б-и Кодекси ҷиноятӣ) 11 солу 6 моҳ;
- Аъзамҷон Камолов барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ (моддаи 373 қисми 2 бандҳои а, б , в-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ва сўиистеъмоли ҳокимият ва аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадан (моддаи 391 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ) 11 солу 6 моҳ;
- Ҳоҷиакбар Сайфуллоев барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ (моддаи 373 қисми 2 бандҳои а, б , в-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ва сўиистеъмоли ҳокимият ва аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадан (моддаи 391 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ) 11 солу 6 моҳ;
- Шамсулло Юсупов барои сўиистеъмоли ҳокимият ва аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадан (моддаи 391 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ) 11 солу 6 моҳ равонаи зиндон шуданд.
Ҳамчунин, чаҳор нафар сарбози дигар:
- Муҳаммадназар Нозимов;
- Ҷонибек Қосимзода;
- Фахриддин Азимов;
- Сунатулло Холматов
барои барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ (моддаи 373 қисми 2 бандҳои а, б , в-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) 9 солу 6 моҳ равонаи зиндон шуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳукм рӯзи 30-юми май дар бинои Коллегияи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд хонда шуд.
Дар мавриди ҳукми додгоҳ назари худи афсарону сарбозон, наздикон ва вакили дифои онҳо маълум нест. Кӯшишҳои мо ҳам барои дастрас кардани назари онҳо бесамар буд.
Ёдовар мешавем, ки ин афсару сарбозон замоне боздошт шуданд, ки навори саф кашидани чанд сарбоз ва бадрафторӣ нисбати наваскарон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Пас аз нашри мавод дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар пайи ин, Додситони кулли Тоҷикистон изҳорот нашр карда, хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 15 декабри соли 2022 қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рух додааст ва вобаста ба он прокуратураи ҳарбӣ 5 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ва подполковник Нузхат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ-ро боздошт кардааст.
Радиои Озодӣ навишт, ки панҷ сарбоз муҳлати хидмати ҳарбиро ба поён расонда буданд ва дар хонаҳояшон боздошт шуданд.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки ду нафари дигар - Шамсулло Юсупов ва Сунатулло Холматов, ки ду рӯз пеш ҳукм гирифтанд, кай ва таҳти чӣ шароите дастгир гардидаанд.



Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста