Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар робита ба боздошти оммавии муҳоҷирони Тоҷикистон, латукӯб ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо, инчунин боздошти теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби пулис ба прокуратураи генералии Русия барқияи фаврӣ ирсол намудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.
“...ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”, - тақозо шудааст дар барқияи прокурори генералии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки давоми се ҳафтаи охир боздошту латукӯби донишҷӯёну муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба якборагӣ афзоиш ёфт. Кормандони мақомоти интизомиву амниятии Русия донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷикро дар хобгоҳи донишгоҳ, масҷид, кӯчаву варзишгоҳҳо бе сабаб боздошту латукӯб мекунанд.
Дар пайи латукӯби донишҷӯён ва боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро аз бархӯрди номуносиб бо донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик иброз намуда буд.
Инчунин, вазири корҳои дохилӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ таҳқиқи одилонаву холисонаи латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷикро талаб карданд.
Аммо мақомоти Русия то ҳол ба ҳеҷ як талабу дархости мақому ниҳодҳои Тоҷикистон расман вокуниш нишон накардааст ва асли воқеаро шарҳ надодааст.
Андешаи коршиносонро оид ба сабабҳои эҳтимолии чунин бархӯрди мақомоти Русия метавонед дар матлаби “Фишанги №1”. Русия бо “шикор”-и муҳоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?” мутолиа намоед.
Ҷанҷол бо милисаҳо дар Лакат. 4 нафар равонаи зиндон ва 2 каси дигар шартан аз озодӣ маҳрум шудаанд-манбаъ
Медали ҳафтуми Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ
Боздошти 8 нафар барои воридоти “мошинҳои куҳна” ба Тоҷикистон
Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика ба се олим тақдим шуд
Дар ду рӯз дар Тоҷикистон ду заминларза рух дод
Ба "облава" афтодед? Метавонед ба ниҳодҳои марбута шикоят кунед!
Ҷоизаи махсуси филми “Дов” дар ҷашнвораи байналмиллалии “Марворидҳои Роҳи абрешим”
“Ба далели набуди ҳукумати эътирофшуда дар Кобул”. Сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон баста шуд
Муҳоҷират дар Қазоқистон. Нуқтаҳои савдои “меросӣ”-и тоҷикон дар Бозори сабзи Алмато
Сарвазири Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста