Вазорати корҳои дохилии кишвар зане, ки писарандарашро берамҳона латукӯб мекард ва навори он дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард, боздошт кардааст.
Ин ниҳод аз ин зан Гузалхон Буриеваи 34-сола, сокини деҳаи Шоғарави ноҳияи Қубодиён ном бурдааст, ки писарандари ноболиғашро латукӯб кардааст.
ВКД нагуфтааст, ки нисбати ин зан бо кадом моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст ва ё барои ин кирдор ӯро чӣ ҷазое интизор аст.
Онҳо танҳо гуфтаанд, “вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад”.
Рӯзи 3-юми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби як кӯдак аз ҷониби зане паҳн шуд, ки хашми корбаронро овард ва онҳо аз мақомот талаб карданд, ки зан ҷазо дода шавад.
“Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қубодиён як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи ВКД.
Ёдовар мешавем, ки давоми соли ҷорӣ чанд навори хушунати модар ё падар нисбати кӯдаки хурдсоли худ ва ҳатто латукӯби беҳармона аз сӯи онҳо расонаӣ шуд ва хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард.
Яке аз чунин модарон Холиса Шоева, сокини ноҳияи Данғара ва истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд аст. Навори латукӯби кӯдак ба шавҳари собиқаш Сайфиддин Алиев мерасад ва падари кӯдак наворҳоро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорид.
Додситонии кул гуфт, нисбати Холиса Шоева барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ (моддаи 174 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвадаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ин банди қонунгузорӣ аз 11 то 29 ҳазор сомонӣ ҷарима ё “маҳдуд кардан аз озодӣ ба муҳлати ду сол”-ро пешбинӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, дар шаш моҳ 7 модар фарзанди худро латукӯб кардаанд. Маълум нест ки онҳо боздошт шудаанд ё не.
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Дар Қирғизистон “Толибон”-ро махфиёна аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста