Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати чанд нафар, аз ҷумла як корманди милитсияи пойтахт барои омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ ва ҷиноятҳои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда, онҳоро боздошт кардааст. Ин ниҳод дар ин бора дар сомонаи расмиаш хабар додааст.
Ба иттилоъи манбаъ, шаҳрванд Абдусаттор Шарипов барои тайёр кардани билетҳои ҳарбӣ барои се нафар аз шаҳрванд Т. Фатҳуллаева 36 ҳазор сомонӣ гирифта, тавассути дусташ Ахмедов Фирдавс барои онҳо билетҳои ҳарбии қалбакӣ омода кардааст.
Ин ҳолатро додситонӣ ошкор карда, нисбати Шарипов Абдусаттор ва Фирдавс Ахмедов барои қаллобӣ бо маслиҳати пешакӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва шарикии ҷиноят (моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «б,в», 340 қисми 2 бандҳои «б,в» ва 36 қисми 5-343 қисми 3 банди «б» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Ин ниҳод нагуфтааст, ки нисбати онҳо чӣ ҷазо таъин гардидааст.
“Дар ҳолати дигар, шаҳрванд Тухтаев Ҳасан бар ивази 40 ҳазор сомонӣ ба даъватшавандагони шаҳри Исфара, билетҳои ҳарбӣ оид ба хизматро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намудан бо роҳи сохтакорӣ тайёр кардааст”,- навиштааст додистонӣ.
Амали онҳо зимни пешниҳод кардани билетҳои ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара барои ба қайд гузоштан окшор шудааст.
Вобаста ба ин додситони гарнизони Суғд нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ҳолати сеюм ба гуфтаи манбаъ, бо ширкати Назаров Меҳроҷиддин, корманди шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур-2 лейтенанти калони милитсия рух додааст, ки шаҳрванд Собирзода Нуриддини бо мақсади дастрас кардани билети ҳарбии қалбакӣ ба ӯ 24 ҳазор сомонӣ додааст.
“Назаров М.Х маблағи гирифтаашро бо корманди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Исмоилов Ашуралӣ Саюрҷонович тақсим намуда, билети ҳарбии қалбакиро ба даъватшаванда дастарс намуданд”, - гуфтааст ин ниҳод.
Баъди пешниҳод кардани билети ҳарбӣ ба мақомоти шаҳри Ваҳдат қалбаки будани билети ҳарбӣ ошкор гардида, нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши аъмоли Исмоилов ва Назаров идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати ошкор шудани билети ҳарбии қалбакӣ нест. Қаблан ҳам мақомот аз омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ аз ҷониби шахсони алоҳида, аз ҷумла кормандони коммисариатҳои ҳарбӣ хабар медоданд.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардида, бо гузашти як моҳ он беш аз 70 дарсад иҷро шудааст.





Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста