Комёб Файзулло, писари ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Машраб Файзулло, ки сабабгори ҳалокати Некрӯз Ниёзов овозхони ҷавони тоҷик гардид, 3 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хабар додааст.
Манбаъ навиштааст, ки ӯ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст (моддаи 212-и Кодекси ҷиноятӣ) гунаҳкор ва ҳукмаш ҳудудан чаҳор рӯз пеш содир шудааст.
Машраб Файзулло, падари Комёб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, “мошине, ки садама кард, аз ӯ буд, на аз писараш ва шаби ҳодиса писараш мошинро гирифта, куҷое рафтанӣ буд”.
Ӯ афзудааст, аз аввал тақозо кард, ки ҳама чиз дар доираи қонун баррасӣ шавад.
“Ин хел фалокат метавонад ба сари ҳар кас биёяд, ҳеч кас аз ин чизҳо дар амон нест. Писарам аввал дар боздоштгоҳи ВКД буд, баъд ба СИЗО гузаронданд. Барояш хӯрок мебарем, аммо вонахӯрдем. Ман дар мурофиа ширкат накардаам...”, - зикр кардааст ректори Донишгоҳи славянӣ.
Дар ҳамин ҳол, наздикони овозхон Некрӯз Ниёзов гуфтанд, онҳо ба ҷаласаи додгоҳ нарафтанд, “чун фарзандашонро дигар баргардонда наметавонанд”.
Машраб Файзулло ба наздикони Некрӯз Ниёзов изҳори ҳамдардӣ кардааст, вале нагуфтааст, ки аз болои қарори додгоҳ шикоят мебарад ё не.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми сентябр тахминан соати 22:30 дар кӯчаи ба номи А.Дониш, назди тарабхонаи “Боми ҷаҳон” дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани ду мошин, ки дар сари чанбараки яке аз онҳо Комёб Файзуллои 18-сола менишаст, Некрӯз Ниёзов ба ҳалокат расид.
Тибқи маълумоти пешакии Раёсати корҳои дохилии пойтахт, мошини писари ректор баъди бархӯрд бо мошини дигар овозхонро пахш кардааст.
Дар сари чанбараки мошини дигарӣ Аҳтамзода Оятуллои 19-сола буд. Ҳарду донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳастанд.
Ҳалокати Некрӯз Ниёзов, яке аз овозхонҳои ҷавони тоҷик бо ширкати писари 18-солаи яке аз мансабдорони дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба он ишора карданд, ки фарзандони мансабдорон пас аз чунин ҳодисаҳо ба таври қотеъ муҷозот намешаванд ва бо баҳонае аз масъулият раҳо мегарданд.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста