Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар дидбонгоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон як мошини ҳомили беш аз 71 кг маводи нашъадори навъи «ҳероин»-ро дастгир кардаанд, хабар медиҳад Хадамоти гумрук.
Ин ниҳод менависад, ки амалиёт рӯзи 21-уми ноябри соли равон тахминан соати 09:30 ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ ва корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ ва кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд.
Гуфта мешавад, ки воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес Бенс Актрос-184», ки рақами қайди давлатиаш У180 ЕН 797 бо ядаки тамғаи «Шмитс SKO 24», рақами қайди давлатиаш ТА 3610/77 ба Русия тааллуқ дошта таҳти идораи Меҳровар Бӯриеви 31-сола, шаҳрванди Тоҷикистон, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан қарор дошт.
Ӯ дар ҷои ҳодиса бо гумони интиқоли ғайриконунии воситаҳои нашъадор боздошт гардидаст.
“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз пинҳонгоҳи махсуси дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур, 65 бастаи полиэтилении рангаш сиёҳ, ки дар дохили он маводҳои хокамонанди рангашон сафед бо бӯи махсусдошта ҷойгир буд, ёфта гирифта шуд. ...маводи нашъадор навъи «героин» буда, вазни умумии он 71 кг 110 граммро ташкил медиҳад”, - гуфта мешавда дар хабарномаи ин ниҳод.
Хадамоти гумрук гуфтааст, ки аз рӯи ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд нисбати Бӯриев ва дигарон (аз онҳо ном бурда намешавад-ред.) барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва қочоқ (моддаҳои 200 қисми 4 банди "д" ва 289 қисми 3) парвандаи ҷинояти оғоз шуда, ба дидоситонии вилояти Суғд ирсол шудааст.
Моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ аз 12 то 20 сол ва моддаи 289 қисми 3 аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2025
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста