Додгоҳи ноҳияи Рашт як сокини ин ноҳияро барои латукӯби 4 фарзанди ноболиғаш 11 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима кардааст. Дар ин бора сомонаи Додгоҳи ноҳияи Рашт хабар медиҳад.
Абдуҳаким Холиқзода, додраси ин додгоҳ гуфтааст, сабаби латукӯби фарзандон гум шудани маблағ дар манзили истиқоматии Д. Х. аст, ки дар ин кирдор фарзандонашро гунаҳкор дониста, “суханони қабеҳ гуфта, мавриди латукӯб қарор додааст”.
“Фарзандони ноболиғ бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз муносибати бераҳмонаи падар аз хонаи истиқоматиашон гурехта, ба хонаи хешовандонашон ба дигар деҳа рафтанд”, - зикр мекунад манбаъ.
Сомонаи додгоҳ бо такя ба санадҳои ташхиси судии тиббӣ навиштааст, ки кӯдакон дар натиҷаи латукӯби падарашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд, ки муҳлати табобати он 21 рӯзро дар бар мегирад.
Додгоҳ, ки аз ин мард ном набурда, танҳо Д. Х. муаррифӣ кардааст, ӯро барои ин рафтораш 7 рӯз дар ҳабс нигаҳ дошта, барои иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ ё моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023 68 сомонӣ ва дар соли 2024 72 сомонӣ мешавад) ё 13 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима кардааст. Баъди ба гуноҳаш иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан додгоҳ аз маблағи умумии ҷаримаи таъиншуда 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 2 ҳазору 40 сомониашро кам кардааст. Ҳамин тариқ ин мард муваззаф шудааст, ки ба андозаи 170 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 11 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима пардохт кунад. Баъдан ӯ аз толори додгоҳ раҳо шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин мард соҳиби 14 фарзанд буда, бекор аст.
Масъалаи латукӯб ё хушанат нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамеша доғ аст. Гоҳе наворҳои латукӯбу азияти ноболиғон ба шабакаҳи иҷтимоӣ роҳ меёбад ва сарусадои зиёде барпо мекунад. Баъди нашри чунин наворҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот сахттар кардани ҷазо нисбати озордиҳандагонро талаб мекунанд.
Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, дар Тоҷикистон аз соли 2018 то 2022 ба зидди 63 нафар ба гумони ҷабру шиканҷаи кӯдакон парванда боз кардаанд. Аз ҷумла, 22 падару модар бар асоси ҳамин модда, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” ҷазо гирифтаанд.
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста