Додгоҳи шаҳри Маскав қарори суди ноҳияи Симоноворо дар бораи рад шудани ҳабси блогер аз Тоҷикистон Салмон Раҷабзода (Салмон Ҷумъабой) бекор намуда, парвнада ба барррасии дубора фиристода шудааст. Дар ин бора Telegram-канали судҳои салоҳияти умумии пойтахти Русия хабар медиҳад.
Қаблан додгоҳи ноҳияи Симоновои Маскав ҳабси ӯро аз рӯи парванда ба гумони барангехтани бадбинӣ ва адоват (модд. 282, қ. 2, б. “в”, КҶ ФР) барои нашри видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ рад кард.
“Рӯзи 17 январ Додгоҳи шаҳри Маскав қарори суди ноҳияи Симоноворо аз 9 январи соли 2024 рад кард. Тибқи ин қарор Раҷабзода С.Д. аз ҳабс раҳо шуд. Мавод ҷиҳати баррасии дубора ба додгоҳи ноҳияи Симонов ирсол шудааст”, - зикр мешавад дар хабар.
Блогер рӯзи 7 январ боздошт шуд. Додгоҳи Симоново дархости тафтишотро дар бораи ҳабси ӯ рад кард. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ бо моддаи 282, қ. 2, б. “в” Кодекси ҷиноятии Русия (барангехтани бадбинӣ ва адоват, паст задани шаъну эътибори инсон) боз шудааст.
Тибқи фарзияи тафтишот, Салмон Раҷабзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои саҳнавӣ нашр карда, дар онҳо назди духтарон мерафт ва аз онҳо рақами телефон мепурсид ё ба бӯсидан даъват мекард. Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки наворҳо хусусияти таҳқиркунанда доранд, зеро дар онҳо “духтарони русро масхара мекунанд”.
Додгоҳи ноҳияи Симоново рӯзи 9 январ блогерро озод кард, зеро ба чунин хулоса расид, ки далелҳои тафтишот этимодбахш нестанд. Агар айби Салмон Раҷабзода исбот шавад, ӯ метавонад ба муҳлати 6 сол равонаи зиндон гардад.
Қаблан зикр гардида буд, ки раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ҷараёни санҷиши далели навор бо таҳқирҳоро зери назорати шахсии худ гирифтааст.





Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста