Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон 30 дарсади кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-ро ихтисор кард. Ин ба он маъно аст, ки даҳҳо корманди БДА аз вазифа озод карда мешаванд.
Фармон дар ин бора имрӯз, таҳти №690 имзо шуд. Дар фармон гуфта мешавад, ки он бо мақсади “таъмини самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд.
“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд”, - омадааст дар фармони президент.
30 дарсад ихтисор кардан командони БДА дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон тобистони соли 2023 аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат нигаронӣ карда, ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии БДА супориш дода буд, ки тамоми кормандони он аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Он замони президент, Суҳроб Қурбонзода, сардори БДА-ро, ки ҳамагӣ як сол кор накарда буд, аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Рустам Мирзомуродзодаро сардори БДА таъин кард.
Ҳамчунин, ҷазо барои рондани мошин бо рақамҳои қалбакӣ ё рондани мошини шахси дигар сахттар шуд.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста