Фирӯза Эшматова, ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Ӯзбекистон дар робита ба таҳқири муҳоҷирони кории ӯзбекистонӣ дар шаҳри Екатеринбург ба ҳамтои русиягии худ Татяна Москалкова шикоят кардааст.
Эшматова дархост карда, ки ҳуқуқи кории муҳоҷирони Ӯзбекистон дар Русия риоя ва таъмин карда шавад.
Ниҳодҳои қудратии ноҳияи Железнодорожнийи Екатеринбург 17 январ дар як сохтмон "рейд" гузаронида, ҷамъан санадҳои 150 нафарро тафтиш карданд. Аз миёни онҳо 8 кас барои нақзи қонунҳои муҳоҷират аз Русия ихроҷ шуда, ба 4 нафар, ки шаҳрвандии ин кишварро доштаанд, даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ супурда шудааст.
Аксу видеои нашршуда дар интернет нишон медиҳад, маъмурони ҳифзи ҳуқуқи Русия муҳоҷиронро маҷбур менамоянд, ки пайи ҳамдигар дар майдони барфпӯши сохтмон ҳаракат кунанд.
Дар миёни муҳоҷирон шаҳрвандони Ӯзбекистон низ будаанд ва ин манзара норозигии Тошкандро ба бор овардааст.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста