Муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ба гумони гирифтани пора ба маблағи 6 ҳазор доллар боздошт шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муфаттиш Т.Абдураҳимзода 6 ҳазор доллар пораро аз шахси гумонбар ба сохтакории ҳуҷҷатҳо гирифтааст, то ки ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накунад.
Ин амали ӯ дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ, ки рӯзи 27 январ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шудаанд, ошкор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, сармуфаттиш бевосита баъди гирифтани маблағи зикршуда аз шаҳрванд Х.А.О. бо далели шайъӣ дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, оид ба ҳолати мазкур нисбати Абдураҳимзода Т. бо аломатҳои таркиби ҷиноят дар моддаи 319 қисми 2 КҶ Тоҷикистон (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 5 ҳазору 475 то 12 ҳазору 775 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ё ҷазои зиндон ба муҳлати аз 3 то 7 сол бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.
Тавре қаблан зикр гардида буд, давоми соли 2023 аз ҷониби ҳамаи воҳидҳои агентӣ 2212 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии марбут ба коррупсия ошкор карда шудааст.
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста