Дар ноҳияи Хуросон ду мансабдор ва як шаҳрвандро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва гирифтани пора дастгир кардаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, кормандони шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон Бобокалонов Муҳимбек, раиси ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва Бобокалон Маҳмадзиёд, раиси Идораи кумитаи замин дар Хуросон, ки ҳарду бачаи амак мебошанд, инчунин Ҷалматов Қудрат, як сокини ин ноҳияро барои фаъолияти ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.
Дар натиҷаи таҳқиқот муайян гардидааст, ки Бобокалоновҳо аз соли 1991 то кунун дар вазифаҳои гуногун кор карда ва дар муддати фаъолияташон бо маслиҳати пешакӣ ва бо кумаки Ҷалматов Қудрат дастикам аз 4 шаҳрванд пора гирифта ва ғайриқонунӣ қитъаҳои заминро ҳуҷҷат карда доданд.
Гуфта мешавад, ки гумонбарон аз 4 шаҳрванд 8 ҳазор сомонӣ, 14 ҳазор сомонӣ, 20 ҳазор сомонӣ ва 2 ҳазор доллар гирифта ва ба ҳар яке аз онҳо аз 8 то 10 сотиқ ғайриқонунӣ замин додаанд.
Шаҳрвандон дар заминҳо то ин муддат биноҳои гуногун бунёд кардаанд.
Дар гузорише, ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон нашр кард, Бобокалонов Муҳимбек ва Ҷалматов Қудрат ба гуноҳи худ иқрор мекунанд. Аммо назари Бобокалон Маҳмадзиёд дастрас нест.
Ҳоло нисбати гумонбаршудагон бо моддаҳои 247, қисми 4, 323, 338, қисми 2 ва 340, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Рустам Ятимов аввалин футболбози тоҷик аст, ки дар финали Ҷоми Русия бозӣ мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 майи соли 2025
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
“Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад…” Абулқосим Фирдавсӣ кӣ буд ва оё аз “Шоҳнома”-и ӯ байте медонед?
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста