Шарафҷон Насриддинов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо тахаллуси Қорӣ Раҷабалӣ маъруф гаштааст, бо гумони қаллобӣ боздошт ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуд. Дар ин бора "Милитсия ҳомии ҷомеа"-и ВКД хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, "Қори Раҷабалӣ ба ҳар хонае бо мақсади дуохони мерафт, кирдори ношояме содир мекард".
Ӯ то ин дам се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳи худ даровардааст ва ба гуфтаи ВКД рӯзгорашро аз ҳисоби занонаш пеш мебурдааст.
"Қорӣ Раҷабалӣ дар маҳфилҳо ба қавле мардумро панду андарз, аз инсофу адл гуфта, худ ғуломи нафс шудааст. Ӯ ҳатто ҳамсарони ёру дустони худро ба никоҳаш даровардааст", - гуфта мешавад дар ахбори ВКД.
Ӯ дар ягон ҷо таҳсили динии расмӣ нагирифта, вале дар масчиди “Қазоқонӣ” ноҳияи Сино ҳамун қорӣ фаъолият доштааст.
Худи гумонбаршаванда дар навор тасдиқ мекунад, ки бо ивази маблағ дуохонӣ мекардааст, вале ба никоҳи худ даровардани се занро "аз нигоҳ ислом" дуруст мехонад.
Ҳоло нисбати Шарафҷон Насриддинов бо моддаи 247, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Тафсилот дар ахбори ВКД аст.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста