Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари кордзании хонандагон дар ноҳияи Ёвонро тасдиқ кард ва гуфт, ки алайҳи хонандаи муттаҳам ба кордкашида парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст. Ба иттилои расонаҳо, хонандае, ки бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, писари раиси Бозори марказии Ёвон аст ва хонандаи ҷабрдида писари муҳосиби пешини ин бозор мебошад.
ВКД хабар дод, ки зуҳри рӯзи 25-уми май хонандаи мактаби №1-и ноҳияи Ёвон, ноболиғ Х.М. бо 3 нафар ҳамсинфонаш дар назди бинои мактаби №75 бо нобилиғи дигар Ш.Ш. бо сабабҳои ночиз муноқишаи лафзӣ кардааст.
Ҳамаи хонандагон 15-сола ва сокинони ноҳияи Ёвон мебошанд.
“Ноболиғ Х.М. аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо корди хоҷагӣ ба бадани Ш.Ш. 4 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - навишт ВКД.
Маълум нест, ки хонанда дар назди мактаб кордро чӣ гуна пайдо кардааст: он корд ҳамроҳаш будааст ва ё на маълум нест. Ғайр аз ин, дар аксҳое, ки расонаӣ шуд, дида мешавад, 6 зарби корд ба шиками хонандаи ҷабрдида расидаанд.
Ҳоло нисбати ноболиғ Х.М. бо аломатҳои моддаи 237, қисми 3, банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар дод, ки “ҷабрдида писари муҳосиби собиқи бозор ва ҳамлагар писари раиси бозори марказии ноҳия аст”.
“Хонандае, ки ҷароҳати сахт бардоштааст, аз бахши эҳёгарӣ ба ҳуҷраи умумии беморхонаи ноҳия гузаронида шудааст”, - гуфтааст манбаи расона.
Ин расона навишт, дар пайи ин ҳодиса Гулшан Бобизода, мудири маорифи ноҳияи Ёвонро аз мақомаш барканор кардаанд.
Муноқиша ва кордзанӣ миёни хонанадгони мактаб аз масоили доғ ва нигаронкунанда ба шумор меравад. Ҳамасола ВКД зимни баргузории амалиёти “Корд” аз наврасон корд, дастчӯби оҳанин, “электрошокер” ва дигар олоти хатарнок мусодира мекунад.
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста