Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон як додраси додгоҳи шаҳри Кӯлобро барои "паст задани шаъну эътибор"-и додрас аз вазифа озод кардааст. Фармони барканории додрас дирӯз, 3-юми июн имзо ва имрӯз, 4-уми июн дар сомонаи Хадамоти матбуотии президент нашр шуд.

Манбаъ, аз додрас Ҳанифа Алимзода ном бурдааст, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси додгоҳи шаҳри Бохтар кор карда, соли 2022 додраси додгоҳи шаҳри Кӯлоб таъин шуда буд.

“Алимзода Ҳанифа Акбар бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад”, - омадааст дар фармони президент.

Дар бораи "кирдоре ки шаъну эътибор"-и додрасро паст мезанад, хабар дода нашудааст. Вале қаблан, президент баъди хабарҳо дар бораи ба фасод даст задани додрасҳо онҳоро аз вазифа озод мекард.

Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ӯ боздошт ва ё бар зиддаш парванда боз шудааст ё не.

Дар бораи Ҳанифа Алимзода дар расонаҳо маълумоти зиёд дастрас нест. Танҳо гуфта мешавад, мурофиае, ки ба ҳукми Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонӣ ва судиҷрочии собиқ, ки  8 солу 6 моҳи зиндон шуда буд, ҳашт моҳи дигар илова шуд, зери раёсати ӯ гузаштааст.

Зимнан, имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, бо имзои як қарор Каримзода Абдураҳмон Раҳимро бинобар вафоташ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон озод кард.

Ҳафтае пеш дар бораи марги ин мансабдори тоҷик хабар расида буд, ки дар пайи як беморӣ дар Ҳиндустон вафот кард ва дар Тоҷикистон ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.