Раиси ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон Набиев Ҷ.И барои гирифтани 99 ҳазору 500 сомонӣ пора аз шаҳрванд Я.Х. дар утоқи кориаш дастгир шуд, хабар медиҳад, маркази матбуоти Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ин ниҳод, Набиев Ҷ.И бо истифода аз ваколати мансабӣ моҳи феврали соли 2024 барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони коргоҳ (сех)-и истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ дар ҳудуди ҳамин ҷамоати шаҳрак аз шаҳрванд Я.Х. маблағи 100 ҳазор сомониро ба сифати пора талаб намудааст.
“Набиев Ҷ.И. баъди ба сифати пора гирифтани маблағи 99 ҳазору 500 сомонӣ аз шаҳрванд Я.Х. дар утоқи кории худ дастгир гардида, аз ӯ далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, ‑ омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ ҳоло нисбати Набиев Ҷ.И. бо моддаи 319 қисми 4 банди “г” (гирифтани пора ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ намудан ба додгоҳ равон шудааст.
Дар ин банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 7 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон боздошти раиси ҷамоатҳо бо кирдори порагирӣ ҳодисаи нав набуда, қаблан низ аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод дар бораи ришвахории онҳо хабар нашр шуда буд.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста