Дар парвандаи рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” 5 нафар, аз ҷумла, Дилшод Саидмуродов, Қамарулзамон Азизов ба ҳукми абад ва боқимонда иштирокчиёни ин ҷиноят аз 1 то 27 сол равонаи зиндон шудаанд. Додгоҳи олӣ ҳукми ҳамаи ширкаткунандагони ҷиноятро ном ба ном ба ихтиёри “Азия-Плюс” гузошт.

Ин ниҳод гуфт, ҳукми 14 нафар рӯзи 18-уми марти соли  2024 содир шудааст.

Ба иттилои Додгоҳи олӣ

- Азизов Қамарулзамон;

- Саидмурод Дилшод (дилшод СБ);

- Ахмедов Акбар;

- Шоҳрух Хӯҷаев;

- Сафаров Бахтовар “аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо” ба ҳасби якумра маҳкум шуданд. Ин ниҳод нагуфтааст, ки мушаххас онҳо дар асоси кадом моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуданд.

- Суҳроб Сафаров ва Умед Ҳамидов барои одамрабоӣ бо ғарази шахсӣ (моддаи 130, қисми 3 банди а) ва роҳзанӣ бо мақсади ба даст овардани молу мулк (моддаи 249 қисми 4 банди б) 26 сол равонаи зиндон шудаанд.


- Фирдавс Тоштемиров барои одамрабоӣ (моддаи 130, қисми 3 банди а) ва роҳзанӣ бо мақсади ба даст оврадани молу мулк (моддаи 249 қисми 4 банди а ва б) 27 сол равонаи зиндон шудааст.

- Ашуров Негмат барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 4 банди б) ва хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин (347 қисми 2) 4 сол зиндон ва 136 ҳазор сомонӣ (2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо-як нишондиҳанда 72 сомонӣ) ҷарима шудааст.

- Шуҳрат Ачилдиев ва Самир Шарипзода барои хабар надодан дар бораи ҷиноят (моддаи 347 қисми 1) 2 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

- Билол Махсудов ва Парвиз Шарипов ҳам барои хабар надодан дар бораи ҷиноят (моддаи 347 қсими 1) 1 сол зиндон шудаанд.

- Ҷамшед Раҳимов барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314 қисми 3) 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Маълум нест, ки Раҳимов чӣ мансаб дошт ва дар ин ҷиноят чӣ нақш дорад.

Додгоҳи олӣ гуфт, ҳамаи маҳкумшудагон аз рӯи ҳукм шикояти кассатсионӣ карданд, вале рӯзи 4-уми июн “ҳукми суди марҳалаи якумро бетағйир ва шикоятҳои кассатсионӣ беқаноат мононда шуд”.

Қаблан, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, дар маҷмӯъ, барои содир кардани ин ҷиноят 18 нафар гумонбар буда, 14 нафар дар курсии айбдорӣ мешинанд. Он замон гуфта мешуд, ки ду нафари дигар то ҳол дар пайгард буда, 1 кас дар боздоштгоҳ аз беморӣ фавтид ва 1 нафари дигар дар пайи даргирии мусаллаҳона дар Малодова кушта шуд.

Бойторов Алишер, ки он замон гуфта мешуд, дар Полша қарор дорад, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошта, Муминов Фирӯз дар Амрико боздошт шуда, масъалаи истирдоди ӯ баррасӣ мешуд. Маълум мешавад, ки ҳоло нисбати ин ду нафар ҳукм содир нашудааст. Ҳардуи онҳо барои одамрабоӣ ва куштор гумонбар мешаванд.

Фирӯз Муминов

Нафаре, ки баъди боздошт дар боздоштгоҳ фавтидааст, Мустафоқулов Парвиз Адҳамович, сокини шаҳри Панҷакент мебошад.

Нафари дар Молдова кушташуда Рустам Ашӯров аст, ки рӯзи 30-юми июн, вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ шуд ва дертар дар беморхона ҷон дод.

Куштори Шуҳрат Исматуллоев яке аз пурсарусадотарин ҳодиса дар соли гузашта буд. Исматуллоевро моҳи июни соли 2023 дар назди манзили зисташ гурӯҳи номаълум зӯран ба мошин савор карда, ба ҷои номаълум бурданд. Баъдан маълум шуд, ки ӯро дар яке аз минтақаҳи Варзоб шиканҷа ва ба қатл расонида, ҷасади ӯро ба дарё партофтаанд. Бо гузашти беш аз як моҳ ҷасади ӯ дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Панҷакент дарёфт ва аз рӯи дандонҳояш шиносоӣ ва дар Душанбе ба хок супорида шуд.

Шуҳрат Исматуллоев

Муҳокимаи гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев аввали моҳи январи имсол аз тарафи додраси Додгоҳи олӣ оғоз шуд. Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатӣ гузашт ва сабаби инро Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ набудани толори мувофиқ дар Додгоҳи олӣ унвон карда буд.

Шермуҳаммади Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ расман ҷузъиёти рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоевро ба рӯзноманигорон ироа кард ва гуфт, бонкдори тоҷик ба сохтмони бинои баландошёна бо Қамаруззамон Азизов, яке аз шарикони тиҷоратии ӯ рабт дорад.

Ӯ гуфт, баъди дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтан, Азизов ба Дилшод Саидмурод (Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.

“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, нақша кашидаанд, ки Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷиноят Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, - гуфт Шоҳиён.

Дар бораи ҷузъиёти бештари ин парванда аз мақолаи “Сирри махфӣ нест”. Аз “А” то “Я”-и қазияи рабудан ва қатли бонкдори тоҷик Шуҳрат Исматуллоев” маълумоти бештар пайдо кунед.