Суди Замоскворетскии Маскав ҳабси се кас аз чаҳор нафари гумонбар дар қазияи заҳролудшавии оммавӣ аз ғизоҳои лӯбиёгии ширкати «Кухня на районе»-ро ба тафтишот рад кард. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.
Нисбати директори «Кухня на районе» Антон Лозин, сардори шӯъбаи сифати ширкат Елена Машкова ва директори тиҷоратии ширкати таъминкунанда бо лӯбиё «Савон-К» Владимир Шин чораи пешгирӣ дар шакли ҳабси хонагӣ татбиқ шуд.
Онҳо дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулоту хидматрасониҳое, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, айбдор карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, Шин ҳамчунин дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешавад.
Ошпази «Савон-К», шаҳрванди Тоҷикистон Карим Норматовро, ки қаблан ҳангоми кӯшиши тарк кардани Русия дар фурудгоҳи Жуковский боздошт шуда буд, додгоҳ ба муҳлати ду моҳ ба боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) фиристод.
Худи айбдоршаванда изҳор кард, ки фирор карданӣ набуд, фақат муваққатан ба хона рухсатӣ шуда буд.
“Додгоҳ қарор кард, ки дархости муфаттиш қонеъ гардонида шуда, нисбати Норматов чораи пешгирӣ дар шакли ҳабси пешакӣ ба муддати 1 моҳу 28 шабонарӯз, яъне то 15 августи соли 2024 татбиқ шавад”, - гуфтааст додрас.
Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз ғизо, ки аз ширкати «Кухня на районе» фармоиш шуда буд, дар чанд рӯз зиёда аз 120 сокини Маскав бо гумони гирифторӣ ба бемории ботулизм ба табибон муроҷиат карданд.
Зиёда аз 50 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор дошта, 30 кас дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) бистарӣ шуданд. Ҳолатҳои эҳтимоли гирифторӣ ба ботулизм ҳамчунин дар вилояти Маскав, Нижний Новгород ва Қазон ба қайд гирифта шудаанд.
Парвандаи ҷиноии мазкур мутобиқи модда дар бораи пешниҳод кардани хидматрасониҳое, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд (қисми 1 моддаи 238 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) таҳқиқ мешавад.
Ҳадди ниҳоии ҷазо барои он — ду соли маҳрумият аз озодӣ муқаррар шудааст.