Мақомоти Тоҷикистон 264 сокини шаҳри Истаравшанро ҷустуҷӯ доранд. Аксари онҳо барои содир кардани ҷинояти марбут ба тундгароӣ муттаҳам мешаванд. Раиси шарҳ мегӯяд, вазъ нигаронкунанда аст.
Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, айни замон 264 сокини шаҳр дар пайгарди мақомот қарор доранд ва аксари онҳо бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои тундгаро расман ҷустуҷӯ мешаванд.
“Мақомот аксари онҳоро тибқи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯ дорад. Танҳо дар шаш моли соли равон 51 нафар сокинони шаҳри Истаравшан бо моддаҳои вобаста ба терроризму эекстремизм ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд”, - афзуд Маъмурзода.
Дар умум, ба қавли Маъмурзода, давоми ним соли аввали соли ҷорӣ дар шаҳр 409 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки шаҳри Истаравшан якҷо бо Исфара ва ноҳияи Спитамен аз минтақаҳои осебпазир дар самти гароиш ба гуруҳҳои ифротӣ дар шимоли кишвар дониста мешавад. Теъдоди онҳое, ки дар ин шаҳру навоҳӣ бо ҷурми ифротгароӣ муттаҳам гардида, равонаи зиндон шудаанд, нисбат ба дигар минтақаҳои вилоят бештар будааст. Махсусан, теъдоди онҳое, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои ҷангзада иштирок кардаву дар пайгарданд ва қисме зиндонӣ ҳам шудаанд, дар ин шаҳрҳо бештар будаанд.
Аммо солҳои охир раванди иштироки сокинони ин шаҳрҳо дар ҷангҳои кишварҳои бегона кам шуда, вале муттаҳамон бо моддаи 307, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм афзоиш ёфтааст.
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста