Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб иборат аз 4 нафар дастгир гардида, аз онҳо 179 килограмм воситаҳои нашъадори навъи "Ҳашиш" дарёфту мусодира карда шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ин гурӯҳ аз ҷониби шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати ВКД дар Душанбе боздошт шуданд.
“Дар ҷараёни тафтишот Исо Орифов ва Нуралӣ Назаров мустақиман дар пойтахт боздошт шуданд. Баъдан, пас аз чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ду ҳамсафи онҳо — Даврон Ҳакимов ва Алишер Кабиров боздошт шуданд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Ба иттилои ин ниҳод, маводи мухаддир қисман дар Ҳисор зери замин пинҳон шуда буда, қисми дигараш дар Фархор ёфт шудааст. Гурӯҳи ҷиноӣ ният доштаанд, ки ин миқдор маводи мухаддирро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад. Мушаххас ба кадом кишвар гуфта намешавад.
Милитсияи пойтахт мегӯяд, ки бар зидди боздоштшудагон тибқи қисми 4 моддаи 200 (Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё воситаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба онҳо аз ҳашт то бист сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар 3 тоннаю 96 килограмму 611 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 619 килограмм (25%) зиёдтар аст.
Қисми асосии маводи мухаддир дар вилояти Хатлон мусодира шудаанд, махсусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ки маводи мухаддир бо қочоқ аз Афғонистон ворид мешаванд. Дар ин минтақа 1 тонна 381 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 44,6% аз ҳаҷми умумии маводи мусодирашуда дар кишварро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 13 731 адад таблеткаи воситаҳои психотропӣ мусодира шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба зиёдтар аст (ба 10 776 адад зиёдтар).
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2025
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоиро ҳам ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2025
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста