Дар 8 моҳи охир мақомоти вилояти Суғд 578 нафарро барои ифлос кардани ҳаво дар маҷмуъ, 118 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Дар ин бора Улуғбек Ҳасанов, масъули Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ гуфт, аксари онҳо соҳибони ошхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, ки бевосита ба партофтани партов ба ҳаво кор мекунанд, инчунин ронандаҳо мебошанд.
Ӯ афзуд, дар байни онҳо мансабдорон низ ҳастанд, вале аз овардани ному насаб ва вазифаи онҳо худдорӣ кард.
Номбурда гуфт, аз ҷумла 90 ронанда дар доираи амалиёт “Ҳавои тоза”, ки дар 8 моҳ 32 маротиба гузаронида шуда, 1751 нақлиёт санҷида шуд, ҷазо гирифтанд.
“Дар рафти амалиёт нисбати 90 ронандаи воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд”, - гуфт Ҳасанов.
Амалиёти “Ҳаво тоза” дар асоси нақша чорабиниҳо дар якҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои Суғд гузаронида шудааст.
Ҷаримаи садҳо нафар, аз ҷумла ронандагон дар ҳолест, ки мақомот ҳамеша мегӯянд, то 80 фоизи партовҳо ба атмосфера ба ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ рост меояд.
Мақомот барои пешгирии ифлосшавии ҳаво чораҳо низ меанҷоманд. Яке аз онҳо баровардани корхонаи сементбарорӣ аз Душанбе буд ва сабаби берун кардан пешгирӣ аз ифлосшапвии ҳаво гуфта мешавад.
Ҳамчунин, гузаштан ба нақлиёти сабз ё элетромобил низ аз дигар тадбирҳои мақомот барои пешириӣ аз ифлосшавии ҳаво дар кишвар шарҳ дода мешавад.
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста