Дар ҷараёни амалиёти шартии “Ахлоқ”, ки дар чанде аз марказҳои дилхушии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, 230 писару духтари ҷавон ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварда шуда, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, ин амалиёт дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, баланд садо додани мусиқии марказҳои дилхушӣ ва нороҳат кардани сокинони гирду атроф нашр гардид, гузаронида шудааст.
"Ҳадафи ин амалиёт таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, беҳбудии бехатарии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ дар шаҳр мебошад", - гуфтанд дар РВКД дар пойтахт.
Дар доираи ин амалият, марказҳои дилхушии «Самира», «Париж», «Шоми Кӯлоб” ва “Ҷавонон” санҷида шуда, 230 духтару писари ҷавон ба мақомоти милитсия дастрас гардидаанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, баъди гузаронидани сӯҳбатҳои профилактикӣ ба ин ҷавонон бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳамаи онҳо аз ташхисҳои тиббӣ гузаронида шудаанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, аксари ҷавондухтарон “шакли носолими муносибатҳои шаҳвониро пеша намуда, марказҳои дилхуширо ба макони ҷалби муштарӣ табдил додаанд, ки ин эҳтимоли паҳншавии бемориҳои сироятиро афзун мегардонад”.
Ҳамчунин, маъмурияти марказҳои фароғатӣ дар бораи вайрон кардани оромӣ ва зарурати риояи мусиқӣ пас аз соати 23:00 огоҳонида шуданд.
Дар асоси моддаи 462 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз соати 23:00 то соати 6:00... бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда барои шахсони воқеӣ аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробар ба 72 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт, инчунин барои шахсони ҳуқуқӣ аз даҳ то бист нишондиҳанда ҷарима пешбинӣ шудааст.
Мавзуи фаъолияти марказҳои дилхушӣ баҳснок буда, пештар мансабдорон низ мавқеи худро дар ин масъала ошкор карда буданд.
Абдумаҷид Муминзода, раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфта буд, ки зидди фаъолияти марказҳои дилхушӣ аст, аммо раиси пешини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, ки ҳоло мушовири раисҷумҳур аст, дар нишасти хабарии моҳи феврали соли 2022 гуфта буд, ҷонибдори фаъолияти дискоклубҳо аст ва дар будани дискотекаҳо зуҳуроти манфиеро намебинад.
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста