Ин сокини 45-солаи ноҳияи Қубодиён аз ҳиссиёти рашк, ки гӯё ҳамсараш бо марди ҳамсоя муносибати маҳрамона дорад, қасд кардааст ҳамсарашро ба қатл расонад.
Аз Додситонии вилояти Хатлон аз ин мард Собирҷон Муртазоев ном бурданд, ки дар ҳолати мастӣ рӯзи 17 майи соли равон бо корд се маротиба ба қафаси синаи ҳамсараш задааст.
“Собирҷон Муртазоев аз ҳисиёти рашк гумонбар шудааст, ки занаш Ф.Ш. бо ҳамсояаш Д.С. муносибат дорад. Аз ин хотир дар ҳолати мастӣ корд гирифта, ба хонаи ҳамсояаш рафта ба қафаси синаи занаш се корд мезанад. Д.С кушиш мекунад занро наҷот диҳад, вале Собирҷон Муртазоев ба шиками ӯ ҳам як корд мезанад. Ҳамсояҳо Ф.Ш.-ро бо захми корд ба беморхона интиқол медиҳанд ва табибон ӯро аз марг наҷот медиҳанд”, - гуфтанд аз додситонии вилоят рафти ҳодисаро.
Баъди боз кардани парванда нисбати Муртазоев ва баррасии он аз ҷониби додситонии вилояти Хатлон, Додгоҳи шаҳри Бохтар рӯзи 11-уми сентябр ӯро барои сӯиқасди ҷиноят (моддаи 32) ва одамкушӣ (моддаи 104) гунаҳкор дониста, 16 сол равонаи зиндон кард.
Назари худи Собирҷон Муртазоев, вакили дифоъ ва наздиконаш маълум нест.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста