Шоми 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ ноболиғон, хонандагони синфҳои 10-и мактабҳои №42 ва №30 ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳамдигар муноқиша кардаанд, хабар медиҳад пулиси пойтахт.
Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони пулис дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти мактабҳои мазкур 8 нафар иштироккунандаи муноқиша дастгир карда шудаанд.
“...аз сабаби хусумату бадбинии қаблан ҷойдошта, ноболиғон якдигарро латукӯб кардаанд. Ҳангоми муноқиша ноболиғ Р.И. бо табар ба гардани ноболиғ Р.А. зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, қазия мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Бояд гуфт, ки муноқиша ва ҳуқуқу қонунвайронкунӣ миёни ноболиғон боиси нигаронии мақомот низ гаштааст. Тибқи иттилои мақомоти кишвар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи амалиёти "Корд" дар шаҳри Душанбе аз ноболиғон ва ҷавонон 62 адад силоҳи сард мусодира шудааст.
“Нигаронкунанда он аст, ки 60-адади чунин предметҳо маҳз аз дасти ноболиғон дарёфту мусодира карда шуда, нисбати волидайни онҳо тибқи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудаанд”, - иттилоъ додааст Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Мақомоти кишвар нигаронӣ кардааст, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои зиёд дар мавриди таълиму тарбияи наврасон ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани онҳо, боз ҳам истифода ва бо худ гирифтани силоҳи сард аз ҷониби наврасону ҷавонон қатъ намешавад.