Комисариати олии паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни Афғонистонро аз Тоҷикистон ҷиддан зери танқид қарор дода, аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки фавран аз чунин амалҳо даст кашанд ва уҳдадориҳои байналмилалии хешро барои ҳифзи гурезагон риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 7-уми декабр бо нашри як баёния гуфтааст, ки баргардонидани гурезагон ба кишваре, ки метавонад барояшон хатари ҷиддӣ эҷод кунад, поймол кардани принсипи ихроҷ мебошад. Ин принсип дар моддаи 33-юми Конвенсияи СММ оид ба гурезагон дар соли 1951, ки Тоҷикистон низ имзо кардааст, сабт шудааст.
Ин ниҳоди байналмилалӣ иттилоъ додааст, ки аз 3 то 5-уми декабр мақомоти Тоҷикистон ҳадди ақал 41 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла 37 паноҳҷӯйро “бе риояи тартиботи зарурӣ” аз кишвар ихроҷ кардаанд.
“Ин аллакай сеюмин ҳодисаи сабтшудаи бозгашти маҷбурӣ ба Афғонистон аз моҳи октябри соли 2024 мебошад, ки шумораи умумии депортшудагонро ба зиёда аз 40 нафар мерасонад. Ин ҳолат нигарониҳоеро дар мавриди риоя нагардидани қонунгузории байналмилалӣ оид ба ҳифзи паноҳандагон ва ҳуқуқи инсон ба миён меорад”, -омадааст дар гузориши ин созмон.
Дар баёнияи СММ қайд шудааст, ки тибқи қонунҳои байналмилалӣ ва миллӣ, Тоҷикистон уҳдадор аст гурезагонро ва касонеро, ки ба ҳимояи байналмилалӣ муроҷиат мекунанд, бозпас нафиристад.
Таъкид шуда, ки бо назардошти вазъи номусоид дар Афғонистон, Эъломияи Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон, ки моҳи августи 2021 ба номи "Ёддошти роҳнамои ниёзҳои ҳифзи байналмилалии афроде, ки Афғонистонро тарк мекунанд" интишор ва феврали 2022 таҷдид шудааст, давлатҳоро даъват мекунад, ки аз баргардонидани маҷбурии шаҳрвандони Афғонистон худдорӣ карда, принсипи ихроҷро риоя намоянд.
Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон изҳор доштааст, ки аз амнияти шахсоне, ки маҷбуран ба Афғонистон баргардонда мешаванд, ки аксаран мардон ва даромадоварони асосии оилаҳояшон ҳастанд, нигаронии амиқ дорад.
“Ҷудошавии оилаҳо осебпазирии занон ва кӯдаконро, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, боз ҳам бештар мекунад”, - гуфтааст ин ниҳоди байналмилалӣ.
Онҳо аз Тоҷикистон даъват кардаанд, ки “кафолат диҳад, ҳеҷ нафаре бе иродааш ба кишваре, ки дар он ҳаёт ё озодиаш бо сабаби нажод, дин, миллат, узвият дар гурӯҳи иҷтимоии муайян ё ақидаҳои сиёсӣ таҳдид мешавад, хориҷ ё баргардонида нашавад”.
Қаблан, мақомоти Тоҷикистон даҳҳо афғонистонии муқими Тоҷикистонро бо далоили гузоштани риши бенизом, пӯшидани либоси бегона, нӯшидани машрубот, мунозираҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум риоя накардани қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон берун карда буданд.
Мусаввир Баҳодурӣ, раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон, як созмони иҷтимоӣ, ки ба ҳимояи муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон машғул аст, ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфта буд, ки нигаронии худро ба мақомоти Тоҷикистон ва ниҳодҳои масъули байналмилалӣ дар робита ба ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон расонидааст.
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Бастрикин эътироф кард, ки 20 ҳазор муҳоҷири шаҳрвандии Русияро гирифта ба ҷанг фиристода шудаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 2
Серверҳои бузург ва нахи оптикӣ. Барои беҳтар намудани сифати Интернет чӣ корҳо анҷом дода мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2025
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста