Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазору 100 нафарро бо иттиҳоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт ва нисбаташон парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ шудааст. Аммо теъдоди нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд ва ба мақомот даъват шудаанд, маълум нест.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохила, рузи 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки мақомот соли 2024-ум 1 ҳазору 103 нафарро барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду боздошт карда нисбаташон парванда ифтитоҳ кардаанд.
“Гарчанде дини ислом ва қонунҳои дунявӣ чунин амалҳоро пешбинӣ наменамояд ва онро маҳкум мекунад, шаҳрвандон ба ин нигоҳ накарда, фирефтаи фолбину ҷодугар шуда, ба онҳо бовар карда, маблағҳои калони худро аз даст медиҳанд”, - иброз дошт вазири корҳои дохилӣ.
Раҳимзода аз тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ворид гардид ёдовар шуда, афзуд, ки “баъди дуюм маротиба татбиқи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад”.
“Ман дастур додам, шахсоне, ки рафта, бо фолбинону нимчамуллоҳо ҳамкорӣ мекунанд, онҳо низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба воситаи расонаҳо нишон дода шаванд”, - гуфт Рамазон Раҳимзода.
Аммо вазир дар хусуси теъдоди шаҳрвандоне, ки давоми соли 2024 ба фолбинону сеҳргарон муроҷиат кардаанд иттилоъ надод ва танҳо гуфт, “мо пешниҳод кардем, ки онҳо низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд, аммо ба ҳисоб нагирифтем”.

Ёдрас мешавем, ки охири моҳи августи соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки нафаронеро, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, баъди тартиб додани мавод бо аксҳояшон дар махзани ВКД мегузорад.
Он замон ВКД ҳамзамон иттилоъ дода буд, ки “танҳо дар як моҳи охир (июл-августи соли 2024 - муаллиф) зиёда аз 150 нафар чунин ашхос (онҳое, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд - муаллиф) ба қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гашта нисбаташон чораҳои қонунӣ андешида шудааст”.
Инчунин, мақомоти корҳои дохила қаблан хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.
Мувофиқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2024 ворид шудаанд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.
Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар банди нав ворид карда шуд, ки тибқи он дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 112 ҳазору 500 то 150 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.





“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста