Дар Душанбе ду кӯдаки 8 ва 10-соларо, ки модарашон ба талбандагӣ маҷбур мекард, ҷудо карда, ба мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе супоридаанд.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ин зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамарӯза кӯдаконро ба кӯча ронда, онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекардааст.
“Маблағи бадастомадаро барои харидани маводи нашъадор ва машрубот сарф карда, дар марказҳои дилхушӣ ба айшу ишрат машғул мегардид”, - гуфта мешавад дар хабарнома.
Дар гузориши видеоии пулис, кӯдакон гуфтаанд, модарашон онҳоро “бо тахтаи мехчадор мезад ва мегуфт, ки 300-400 сомонӣ ёфта оранд”.

Мақомот нисбати ин зан маводи зарурӣ тартиб дода, бо ҳалномаи додгоҳ (мувофиқи моддаи 73-и Кодекси оила, ки гирифтани кудакро бе маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷоза медиҳад) кудаконро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернати рақами 1-и пойтахт ҷойгир кардаанд.
Пулиси пойтахт мегӯяд, ин кӯдакон қаблан низ чанд маротиба ба далели оворагардӣ ва машғул будан ба талбандагӣ ба мақомот оварда шуда буданд.
Ба гуфтаи мақомот худи зан қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шуда будааст.
Ёдрас мешавем, ки қаблан пулиси Душанбе гуфта буд, назоратро болои волидайне, ки масъулияти худро дар тарбияи фарзандон иҷро намекунанд, сахттар мекунад ва дар сурати аз уҳдаи тарбияи кӯдакон набаромадани падару модар онҳоро аз дасташон мегирад ва ба муассисаҳои махсуси таълимӣ месупорад.
Манбаъ гуфта буд, ин тасмим “дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ” амалӣ карда мешавад.
Он замон мақомот иттилоъ дода буд, як ноболиғи 15-сола, ки дар шаҳри Душанбе борҳо ҷинояти дуздӣ содир карда, шабона ба оворагардиву талбандагӣ дар роҳҳои мошингард машғул мешуд, аз модараш гирифта, дар муассисаи махсуси таълимӣ “Лисейи махсуси касбӣ - техникӣ”-и шаҳри Душанбе супорида шудааст.





Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста