Дар пайи муроҷиати сайёҳон аз Австралия, пулиси Душанбе як ронандаи таксиро барои бадрафторӣ ба онҳо боздошт ва беш аз 500 сомонӣ ҷарима кардааст.
Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе имрӯз, 15-уми апрел бо нашри як иттилоия гуфт, "Закир Маматқобилов, ронандаи таксие дар Душанбе рӯзи 11-уми апрел ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбати муроҷиаткунандагон - шаҳрвандони Австралия муносибати дағалона намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст".
Дар наворе, ки мақомот нашр карданд, дида мешавад, ки чӣ гуна ронанда аввал ба сари сайёҳон зургӯӣ мекунад ва баъди аз мошин пиёда шуданаи онҳо ӯ низ аз пасашон бо қаҳр аз мошин мефарояд.
Дар идома чӣ шудааст, дида намешавад.

Мақомот гуфтаанд, нисбати ронанда бо гумони “майдаавбошӣ” (моддаи 460 КҲМ) протоколи маъмурӣ тартиб дода, бо ҳукми додгоҳ 525 сомонӣ (7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима кардаанд.
Назари худи ронандаи таксӣ дар мавриди ин воқеа маълум нест.
Қаблан низ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз пулиси шаҳри Душанбе як кирокашро барои аз меъёр зиёд талаб намудани ҳаққи роҳкиро ва “дағалона муносибат намудан” ба сайёҳи эронӣ боздошт ва ҷазо дода буд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дода буд, ки барои дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ хати телефони фаврӣ ташкил кардааст.
Гуфта мешуд, ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ метавонанд ба рақамҳои 118-200-200 аз соати 8:00 то 17:00 (аз душанбе то -ҷумъа) мустақиман тамос гиранд ва дар дигар вақтҳо тариқи паёмрасонҳои Whatsapp ё Telegramи рақамҳои боло муроҷиат кунанд.
Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд
“Тоҷикистон куштори бераҳмона дар Ғаззаро маҳкум мекунад”. Вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи Фаластин ва Афғонистон нигаронӣ кард
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста