Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии фаврии ҷиноятҳо ва саривақт баррасӣ кардани муроҷиати шаҳрвандон барномаи худкор (бот)-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кардааст.
Ин ниҳод менависад, сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо ворид кардани суроғаи муайян ному насаб, рутба, рақами телефон ва дигар маълумоти нозири минтақавии минтақаи худро пайдо карда, арзу шикояти худро бевоиста ба вай расонанд.
Барои ин зарур аст, ки дар "Телеграм" саҳифаи “Нозири минтақавии ман”-ро ҷустуҷӯ кард ва ё бо ин пайванд ба он ворид шуда, дар қисмати ҷустуҷӯ номи кӯча, маҳалла, бинои истиқоматӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, биноҳои маъмурӣ ва ё дигар маконҳои ҷамъиятиро ворид сохта, нозири минтақавиеро, ки дар ин масир фаъолият мекунад, пайдо кунанд.
Ин ниҳод таъкид мекунад, суроға бояд бе хато ва бо ҳуруфи тоҷикӣ навишта шавад.
Баъди ворид кардани суроға ному насаб, вазифа, рақами телефон ва масире, ки ин нафар назорат мекунад, пайдо мешавад ва метавон тавассути рақами телефони пайдошуда ба ноизир минтақавӣ тамос гирифт.

Мақомот аз сокинон хостааст, пеш аз истифода бо қоидаҳои барнома шинос шуда, ҳангоми мушоҳидаи ягон хатогиии техникӣ ба хотири мукаммалсозии барнома ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Қаблан, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боз шудани шабакаҳои нав барои қабули дархостҳои шаҳрвандон тавассути “WhatsApp” ва “Telegram” хабар дода буд. Сокинони пойтахт метавонанд бо рақами махсуси (+992) 018-02-02-02 пешниҳоду дархост ва шикояти худро ба ин паёмрасонҳо ирсол кунанд.
Ба гуфтаи ин раёсат, ин иқдом барои вокуниши саривақтӣ ба хабарҳо дар бораи амалҳои ғайриқонунӣ, ҷиноятҳо, нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонуншиканиҳо нигаронида шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ таъкид кардааст, ки ҳама паёмҳои ирсолшуда тибқи қонун коркард мешаванд, ки ҳифзи маълумоти шахсии муроҷиаткунандагонро кафолат медиҳад.




Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста