Мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки барои харидории хона ҳамроҳи шавҳараш ҷамъ карда буд, мусодира кардаанд. Дар ин бора яке аз пайвандони рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Вай гуфт, ин маблағ дар бонк ба номи худи рӯзноманигор гузошта шуда буд ва қасд дошт, ки бо ин маблағ дар пойтахт хонаи истиқоматӣ харидорӣ кунад. Ӯ то инҷониб дар Душанбе дар хонаи иҷора истиқомат мекард.
“Маблағ ба номи худи Рухшона буд. Баъди боздошташ он аз сӯи мақомот ҳабс шуда ва сарнавишти баъдии он то ҳол маълум набуд. Акнун онро мусодира карданд. Чӣ ҳам дигар карда метавонем”, - гуфт яке аз пайвандонаш, ки ба далели амниятӣ аз гуфтани номаш худдорӣ кард.
Ба гуфтаи пайвандон, Рухшона Ҳакимова то ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) нигоҳ дошта мешавад ва ба зиндон интиқол нашудааст.
“Бо гузашти дуним моҳ нагузоштанд, ки мо Рухшонаро бубинем. Ҳатто имкон надоданд, ки кӯдакон бо модари худ вохӯранд. Мо хеле хавотир ҳастем, намедонем, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Аққалан намедонем, ки ба чӣ ниёз дорад, то онро дастрас кунем”, - гуфт ин шахси наздики Рухшона Ҳакимова.

Ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки чанд маротиба барои вохӯрӣ бо Рухшона Ҳакимова ба Додгоҳи олӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муроҷиат карданд, вале бенатиҷа анҷом ёфт.
Рухшона Ҳакимоваи 31-сола, ки 2 кӯдаки хурдсол, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола дорад, дар доираи "парвандаи табадуллот" аз сӯйи додгоҳ барои “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор гардид.
Дар аввал ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, рӯзи 5-уми феврал Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.
Зинаи кассатсинонӣ ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт.
Қаблан, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки мақомоти Тоҷикистон ба мусодираи амволи чеҳраҳои шинохта, ки бо иттиҳоми кӯшиши табаддулот зиндонӣ шудаанд, оғоз карданд. Мақомот наздикони онҳоро огоҳ кардаанд, ки хонаҳои худро холӣ кунанд. Вале пайвандони баъзе аз ин афрод бо қарори мақомот розӣ нестанд ва гуфтаанд, манзилҳое, ки додгоҳ ба мусодираашон амр додааст, аз они ин ду нафар нестанд.
Рӯзи 5-уми феврал дар доираи парвандаи “табаддулоти давлатӣ” 9 кас, аз ҷумла 1 вакили собиқи парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон рӯзи 5-уми феврал зиндонӣ гардиданд.
Аксари онҳо ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” муттаҳам шудаанд. Иттиҳоме, ки ба қавли вакилони дифоъ ва пайвандони маҳкумшудаҳо, аксари муттаҳамон эътироф накардаанд.





Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста