Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик ва модари ду кӯдаки ширхора, ки бо ҳукми додгоҳ қариб се моҳ пеш 8 сол равонаи зиндон шуда буд, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол додаанд. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзноманигорро дирӯз, 22-юми апрел, ба зиндон бурдаанд.
“Дирӯз ба Боздоштгоҳи муваққатӣ хӯрок бурдем, онро қабул накарданд, гуфтанд, ки аз ин ҷо ба зиндони Норак интиқол дода шуд, дигар ҳеҷ чиз наоред”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Пайвандон мегӯянд, ки бо гузашти дуним моҳ аз боздошту зиндонӣ гардидани Рухшона Ҳакимова то ҳол бо ӯ вохӯрда натавонистанд ва акнун умедворанд, ки дар зиндон вомехӯранд.
Дар шаҳри Норак ягона муассисаи ислоҳии ЯС3/8 барои нигоҳдории занони маҳбус воқеъ аст.
Наздикони ин рӯзноманигори тоҷик бори дигар ба бегуноҳии Рухшона Ҳакимова таъкид карда, мегӯянд, ки ҳамоно “хостори бозбинии одилонаи парванда” ҳастанд.
Як манбаъ ба "Азия-Плюс" гуфт, ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” давоми ҳафта аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндон интиқол дода мешаванд.
Аз ин пештар, мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро, ки барои харидории хона ҳамроҳи шавҳараш ҷамъ карда буд, мусодира карда буданд. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои дигари "парвандаи табадуллот" оғоз кардаанд.
Рухшона Ҳакимоваи 31-сола, ки 2 кӯдаки хурдсол, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола дорад, дар доираи "парвандаи табадуллот" аз сӯйи додгоҳ барои “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор гардида, 8 сол зиндонӣ шуд.
Дар аввал ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, рӯзи 5-уми феврал Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Зинаи кассатсинонӣ ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт.
Рӯзи 5-уми феврал дар доираи парвандаи “табаддулоти давлатӣ” 9 кас, аз ҷумла 1 вакили собиқи парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон рӯзи 5-уми феврал зиндонӣ гардиданд.
Аксари онҳо ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” муттаҳам шудаанд. Иттиҳоме, ки ба қавли вакилони дифоъ ва пайвандони маҳкумшудаҳо, аксари муттаҳамон эътироф накардаанд.
Ҳалокати ду мард баъди афтодан аз бинои баландошёна дар Душанбе
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста