Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон давоми чанд рӯзи охир аз ҳодисаи пешгирии худкушии як зан ҳамроҳи ду кӯдакаш, фавти ду нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ ва боздошти ду сокини пойтахт, ки қаблан барои қаллобӣ дар кофтуков буданд, хабар дод.
Рӯзи шанбеи 10-уми май пулиси Душанбе хабар дод, ки аз худкушии як зан бо ду фарзанди хурдсолаш пешгирӣ кардаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, зани 38-сола мехост худ ва 2 кӯдакашро аз болои пули дарёи Душанбе (дар наздикии бинои “Шарқи озод”) партояд.
“Ин ҳолатро корманди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Ализода Ҷобир мушоҳида намуда, бо кӯмаки шаҳрвандон, аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ ва чусту чолокӣ нишон дода, занро бо ҳамроҳи кӯдаконаш аз қасди худкушӣ наҷот додаанд”, - навиштааст ин ниҳод.

Мақомот сабаби ба худкушӣ даст задани занро шарҳ надодаанд. Гуфта шудааст, ки зан таҳти муоинаи тиббӣ қарор дошта, сабаби ҳодиса ва ҳолати равонии номбурда муайян мешавад.
Боздошти ду сокини пойтахт бо гумони қаллобӣ
Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт ҳамчунин, ду сокини пойтахтро, ки барои содир кардани ҷиноятҳои қаллобӣ (моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштаанд, боздошт кардааст.
Ин ниҳод аз якеи онҳо Ҷурабек Идиев ном бурда, гуфтааст, ки номбурда шаҳрвандонро бо ваъдаҳои гуногун фиреб дода, маблағҳои онҳоро гирифта, ба манфиати худ сарф мекардааст.
Ба гуфтаи мақомот, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ, беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Гумонбари дигар, ки мақомот аз ӯ Шаҳодат Тағоева ном бурдааст, низ ба боварии сокинон даромада бо ваъда ва баҳонаҳои гуногун аз онҳо маблағ гирифта, ба манфиати худ сарф кардааст. Мақомот беш аз 10 далели қаллобии Тағоеваро муайян кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳарду гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта тафтишот идома доранд.
Назари худи боздоштшудаҳо ва сокинони зарардида дар робита ба ин қазия маълум нест.
Раёсати ВКД дар пойтахт аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар мавриди фиреби гумонбарон Идиев ва Тағоева қарор гирифта бошанд, тавассути рақамҳои 018-02-02-02 ба пулиси пойтахт муроҷиат кунанд.
Ҳалок шудани ду нафар дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ
Ҳамчунин, дар чанд рӯзи охир Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз марги як кӯдак аз беэҳтиётӣ ва як марди дигар дар пайи садамаи нақлиётӣ хабар додааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки як сокини 34- солаи пойтахт ҳангоми ба ақиб рондани мошин духтари 3-солаашро зер кардааст, ки дар натиҷа кӯдак фавтидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дода навиштааст, ки ҳодиса рӯзи 8-уми май тахминан соати 16:00 дар назди манзили истиқоматии Ойбек Саматов рух додааст.
Ҳодисаи дигар, низ рӯзи 8-уми май тахминан соати 09:10-дақиқа, дар роҳи мошингарди кӯчаи Лоҳутӣ ба самти кӯчаи Дӯстии Халқҳо рух додааст.
Ба гуфтаи мақомот, Давлатмурод Абдуллоев, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мазкур пиёдагард Бадалмо Бобоева сокини 76-солаи ноҳияи Айниро, ки дар канори роҳ будааст пахш кардааст.
“Дар натиҷа, пиёдагард, Бобоева Б.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас шуда, дар онҷо ба ҳалокат расидааст”, навиштааст ВКД.
Аз машқҳои пинҳонӣ то қаҳрамонӣ. Чӣ гуна Мадина нахустин медали “Grand Slam”-ро миёни занон соҳиб шуд?
"Ҳофизхонӣ" дар "Азия-Плюс" ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ
Юнуси Имомназар: Дар ҳар шаҳри Ӯзбекистон бояд дӯкони китоби тоҷикӣ боз шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Баҳои умр” қисми 3
Ҳамлаи Исроил ба Эрон. Алии Хоманаӣ: “Исроил бояд интизори муҷозоти сахте бошад”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июни соли 2025
Дархост барои вуруд ба Русия. Дар пойгоҳи “Госуслуги” ва замимаи мобилии “RuID” чӣ тавр сабти ном бояд кард?
Даҳ адиби тоҷик сазовори ҷоизаҳои Айнӣ ва Турсунзода шуданд. Онҳо кистанд?
Суқути ҳавопаймои "Air India" дар Ҳиндустон бо беш аз 240 мусофир
Амрико бархе кормандони худро аз сафорат ва пойгоҳҳои низомияш дар кишварҳои Ховари Миёна берун мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста