Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти се нафар бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухаддир (ҳашиш ва афюн) ба хориҷи кишвар хабар додааст. Онҳо воситаҳои нашъадорро бо роҳи ғайриоддӣ - дар зери дегҳои афғонӣ мехостанд ба хориҷа равон кунанд.
Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии пойтахт хабар дода, аз гумонбарон Саъдӣ Олимов, сокини ноҳияи Зафарабод, Азизҷон Арзумурадов ва Суҳроб Юлдашев сокинони ноҳияи Спитамен ном бурдааст. Онҳоро кормандони шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе “дар асоси маълумоти оперативӣ” боздошт кардаанд.
Манбаъ гуфтааст, ки онҳо ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар боздошт шудаанд. Аммо мақомот нагуфтаанд, онҳо маводи мухадирро чӣ гуна ба кишвар ворид кардаанд ва нияти ба куҷо интиқол додани онро доштаанд.

Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар пойтахт нашр кардааст, яке аз гумонбарон мегӯяд, ки “афюн”-ро дар таги дегҳои афғонӣ аз Афғонистон ҷойсоз кардаанд ва ба ӯ фаҳмонидаанд, ки зерашро бурида маводро гиранд.
Мақомот нисбати боздоштшудаҳо барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар андозаи махсусан калон (моддаи 200 қисми 4)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд. Ин моддаи қонунгузорӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи ин афрод ба иттиҳоми мақомот маълум нест.
Ин бори аввал нест, ки пулиси пойтахт аз боздошти чанд нафар бо гумони интиқоли маводи мухаддир ва мусодираи ҳаҷми зиёди воситаҳои нашъадор хабар медиҳад.
Моҳи январи соли равон ин ниҳод аз боздошти “як гурӯҳи нашъаҷалоб иборат аз 5 нафар” хабар дода буд, ки аз онҳо 127 кг воситаҳои гуногуни нашъадор (55 кг ҳашиш ва 72 кг афюн) дарёфту мусодира шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин гурӯҳ, воситаҳо нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷалоби афғонистонӣ қабул карда, “бо ёрии ҳаммаслакони худ ба фурӯш мегузоштааст”.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024, аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки ин нисбат ба соли 2023 17% ё тақрибан 901,5 кг камтар мебошад.
Инчунин соли гузашта дар Тоҷикистон 839 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 140 ҳолат ё 20% афзудааст.
Боҷ барои воридоти телефон ба Тоҷикистон 20 евро, на 20% ситонида мешавад (ТАСҲЕҲ)
Ҷасади омӯзгоре, ки подполковники ВКД ду сол пеш ба дарёи Фон партофта буд, то ҳол пайдо нашудааст
Таҳдиди Трамп, посухи Хоманаӣ, эътирофи Путин ва партофти “Сиҷҷил”. Ҳафтумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Беҳтарин полис миёни шоирон...”. Маҳфили эҷодии Акбар Абдулло дар Душанбе чӣ гуна гузашт?
“Иди зардолу” ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон”. Дар Душанбе ҷашни Тиргон баргузор мегардад
Додгоҳи Хатлон як корманди худро барои "азхудкунии пули буҷет" 138 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 3
Гиёҳу растанӣ худиву дору бегона. Чаро дорусозӣ дар Тоҷикистон ба тиҷорат табдил ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 июни соли 2025
Корея 600 тоҷикро ба кор даъват мекунад. Маош чанд, чӣ талабот дорад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста