Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро имзо кард, ки тибқи он минбаъд барои гузоштани “лайк” шаҳрвандон зиндонӣ намешаванд. Ин тағйирот имрӯз, 14-уми май дар баробари чанд қонуни дигар ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Моҳи октябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон аз беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” дар интернет ва ҳамчун “далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида” интиқод карда, он замон гуфта буд, “ба ин амал бояд хотима дода шавад”.
Пас аз интиқоди раиси ҷумҳур, вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 10-уми апрел ба Кодекси ҷиноятӣ илова ворид карданд ва рӯзи 13-уми май Маҷлиси миллӣ ҳам онро пазируфт.
Имрӯз ба ин илова раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам имзо гузошт ва пас аз нашраш дар матбуот он ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.
То имрӯз дар асоси ду модда - 179, иловаи 3 ва 307, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд. Ин ду банди қонун миёни мардум бештар бо мафҳуми ҷазо барои “писандидан” (“лайк”) ва бознашр (“поделится”)-и матолиби мамнӯъи дар интернет нашр ва паҳншуда маъмул аст.
Ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳоло 1 ҳазору 507 шаҳрванд бинобар гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани “шарҳу мулоҳизаҳои дорои мазмуну муҳтавои террористӣ экстремистӣ” дар зиндонҳо қарор доранд. Баъди иҷрои ин тағйирот ҷазои онҳо сабук мешавад ё не, маълум нест.
Ба навиштаи хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба чанд қонуни дигар, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ карда буданд, имзо гузоштааст.
Инҳо қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ”, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мебошанд.
“Қонунҳои баимзорасида барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани зиндагии мардум мусоидат менамоянд”, - менависад манбаъ.





Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста