Додгоҳи шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабси чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-ро барои қариб 4 моҳи дигар тамдид кард.

Дафтари матбуоти додгоҳ менависад, боздошти Фаридуни Шамсидин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов ба муҳлати 3 моҳу 28 рӯз тамдид шудааст.

Сабаби тамдиди мӯҳлати боздошт шарҳ дода намешавад.

Ин бори шашум аст, ки додгоҳ ҳабсии пешакии гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-ро тамдид мекунад. Бори охир додгоҳ муҳлати ҳабси онҳоро то 22-юми май дароз карда буд. Қаблан, рӯзи 19-уми феврали соли равон додгоҳ бори дигар муҳлати ҳабси онҳоро як моҳ - то 24-уми март дароз карда буд.

Ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 22-юми марти соли 2024 рух дода буд. Бар асари он 146 нафар кушта ва 551 каси дигар захмӣ шудаанд.

Моҳи майи соли 2024 ХБФ-и Русия аз боздошти 20 нафар, аз ҷумла, гумонбарони ин ҳодиса ва ҳамдастони онҳо хабар дод. Баъдан дар моҳи октябр мақомоти рус эълом карданд, ки шохаи “ДОИШ-Хуросон” дар ин ҳамла даст доштааст.

Дертар Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия эълом кард, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони амали террористиро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии  боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.