Як моҳ пеш, сардори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (БДА ВКД) нав шуд. Ба ҷои генерал-майори милитсия Рустам Мирзомуродзодаи 54 –сола, ки аз моҳи июни соли 2023 дар ин мақом кор мекард, полковники милитсия Миралӣ Абдураҳмонзодаи 38-сола таъин гардид. Дар 4 соли охир ин нафари сеюм аст, ки роҳбари БДА таъин мешавад.
Сардори нави БДА, соли 2010 Академияи ВКД Тоҷикистон, соли 2016 Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, соли 2019 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2022 факултети идоракунии №1-и Академияи ВКД Тоҷикистонро хатм кардааст. Маълум нест, ки ӯ ин 4 муассисаи илмиро бо кадом ихтисосҳо ба итмом расонидааст.
То таъин шудан ба ин мақом, ӯ сардори Шуъбаи БДА дар вилояти Суғд буд.

Ӯ беш аз 20 сол дар мақомоти корҳои дохилии кишвар фаъолият дорад. Дар ин давра, ӯ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон кор намудааст. Аз ҷумла, баъди шунавандаи Академияи ВКД будан дар вазифаҳои ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД-2 дар ноҳияи Сино, ваколатдори калони оперативии шуъбаҳои Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, нозири калони шуъбаи корҳои раводидӣ ва бақайдгирии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, муовини сардори Шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолии ин Хадамот дар шаҳри Душанбе ва сардори шуъбаи ин ниҳод кор кардааст.
Баъдан, ба БДА ба кор меояд ва аз сардори шуъбачаи имтиҳонотии Шуъбаи бақайдгирии имтиҳонотии БДА кор мекунад. Сипас, дубора ҳамчун муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Тоҷикистон ба кор меояд.
То таъин шудан ба ин мақом сардори Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.
Ӯ аълочии милитсия буда, “аз ҷониби роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ дар фаъолияти хизматӣ бо як қатор медалу нишонаҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо мукофотонида шудааст”.

Мушкилиҳое, ки роҳбари нави БДА бояд ба онҳо таваҷҷуҳ кунад
Бояд гуфт, ки соли 2022 вақте Суҳроб Қурбонзода сардори БДА Тоҷикистон таъин шуд, “Азия-Плюс” аз ӯ хост, то дар бораи нақшаҳояш, роҳҳои ҳалли мушкилоти дар ин ниҳод ҷойдошта андешаашро баён кунад, аммо мутаассифона, посухи рад гирифт. Он замон рӯзноманигори мо чанд мушкили сохторро ҷамъоварӣ карда, ба шакли “ёддошт” ба роҳбари нав пешниҳод кард, то ба он таваҷҷуҳ кунад.
Баъдан, 12-уми юли соли 2023 Қурбонзода курсиро барои Рустам Мирзомуродзода, ҳамакнун роҳбари пешини БДА холӣ намуд. Он замон низ “Азия-Плюс” омодагии худро барои баргузории як мусоҳиба иброз дошт, вале аз ин роҳбар ҳам посухи рад дарёфт кард. Вале дубора “ёддошт”-ро ба ихтиёри Рустам Мирзозода пешниҳод кард, то ба он таваҷҷуҳ крада, мушкилиҳоро ҳал кунад.
Инак, Мирзозода ҳам курсии худро ба роҳбари нисбатан ҷавонтар Абдураҳмонзода гузошт. “Азия-Плюс” бори дигар омодагии худро барои баргузории як мусоҳиба иброз медорад, аммо то он лаҳза, нашри маводе, ки барои ду роҳбари пешини БДА дар хусуси мушкилоти мубрами БДА нақл мекард, мувофиқи мақсад медонад. Чун ҳамаи масъалаҳое, ки дар он матлаб матраҳ мешаванд, то ҳол мубрам буда, роҳи ҳалли худро пурра пайдо накардаанд.
Фасод дар сохтори БДА
Мушкили № 1 дар БДА фасод боқӣ мемонад. Бисёре аз ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки кормандони БДА аз онҳо пора талаб мекунанд. Дар пайи талаби пора ҷанҷоли корманди БДА ва ронандагон низ сабт шудаанд.
Даҳ сол пеш мо барои чӣ гуна ҳал намудани он тавсияҳо дода будем. Бори дигар онҳоро дар зер такрор мекунем:
- аз нав ташкил кардани БДА ва дар заминаи он таъсис додани нозироти роҳ ҳамчун хадамоти мобилӣ, ки бо автомобил ва низомҳои мобилии пайгирӣ (мониторинг)-и ҳаракат дар роҳ муҷаҳҳаз аст;
- аз байн бардоштани тамоми постгоҳҳои таъиншуда (статсионарӣ), бахусус аз кӯчаҳои марказии пойтахт, гузоштани камераҳои видеоӣ дар он ҷо, ба кормандони БДА ва нозири роҳ манъ кардани боздошти автомашина барои санҷиши тӯлонӣ бидуни зарурат, ки бисёр вақт ба ришваситонӣ мусоидат менамояд. Постгоҳҳои таъиншударо танҳо дар даромад ба шаҳр ва шоҳроҳҳое, ки дар онҳо танзими ҳаракати воситаи нақлиёт зарурат дорад, боқӣ гузоштан лозим аст;

- баргузор намудани санҷиши дубора (переаттестатсия) бо ҷалби имтиҳонгирандагони мустақил аз дигар кишварҳо;
- пас аз нав ташкил додани низом бамаротиб кам кардани ҳайати шахсӣ. Аз ҳисоби кам кардани басти воҳиди корӣ (штат) бамаротиб зиёд кардани маоши кормандоне, ки бо натиҷаҳои хуб аз санҷиш гузаштаанд;
- ҷорӣ намудани чорабиниҳои санҷиши доимӣ ва тез-тез аз ҷониби кормандони нозирот дар мавриди гирифтани пора (яъне худи кормандон бо либоси оддӣ қоидаро вайрон карда, пул гирифтанро пешниҳод мекунанд) ва фавран аз кор озод кардани кормандоне, ки пора мегиранд, маҳрум кардани онҳо аз дубора барқарор шудан дар кор ва ба “рӯйхати сиёҳ” дохил кардани ҳуҷҷатҳо (делои) шахсии онҳо;
- ҳар як постгоҳи муқарраршуда бояд бо нақша ва фармони дахлдор кор карда, дар ҷойе бошад, ки барояш таъин шудааст, то ки нозирон пушти чароғаку (светофор) ва гузаргоҳҳо барои “пулҷамъкунӣ” наистода бошанд;
- додани ваколати баробари азназаргузаронӣ ва огоҳии вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои автомашинаҳо бо рақамҳои гаронарзиш, автомашинаҳои давлатӣ, ҳукуматӣ ва дигар автомашинаҳои ҷолиби “ҷавонони тиллоӣ”.
Танзими нақлиёт
Мушкили №2 беназмии нақлиёт дар шаҳрҳои калон, аз ҷумла Душанбе аст. Дар шаҳрҳои бузурги давлатҳои хориҷӣ 6 - 7 навъи нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Дар Душанбе бошад, дар умум 3 навъи нақлиёти ҷамъиятӣ – автобус, троллейбус ва минибус ё ҳамон "маршруткаҳо" хизматрасонӣ менамоянд. Мутаассифона, ҳеҷ яке аз ин навъи нақлиёт дар Душанбе ба таври лозим назорат ва танзим карда намешавад.

Мушкили аслии нақлиёти ҷамъиятӣ ин мусофиргирии барзиёд ва дар дилхоҳ ҷой нигоҳ доштани воситаи нақлиёт аст. Ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба хотири ба даст овардани маблағи бештар, қоидаҳои бехатарии мусофиркашонӣ ва ҳаракат дар роҳро вайрон карда, боиси тамбашавии мошинҳо ва риоя нагардидани ҷадвали ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ мегарданд.
Ҳамчунин, сабқати мошинҳо дар кӯчаҳои пойтахт низ аз проблемаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад.
“Шаҳри бехатар” шумори нозиронро кам накард
Мушкили №3 ин фаъолияти “дӯстона”-и дурбинҳои назоратӣ ва кормандони БДА аст. Ин бештар савол аст, на мушкил. Ва албатта, савол ба БДА.
Аллакай чанд сол мешавад, ки дар Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” фаъол аст ва яке аз ҳадафҳои он кам кардани омилҳои инсонӣ дар раванди танзими ҳаракати нақлият дар маркази шаҳр гуфта мешавад. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, насби дурбинҳои назоратӣ низ теъдоди кормандони БДА-ро дар кӯчаҳои Душанбе кам накард, баръакс дурбини назорати ва корманди БДА “паҳлӯ ба паҳлӯ” истода, фаъолияти худро пеш мебаранд.
Илова бар ин, ба ҷойи гузоштани нуқтаҳои назоратӣ дар қисматҳои мушкилзои роҳҳо, роҳбарияти БДА бештар ба боздошти ронандагони сарҳуш машғуланд ва барои ин гирду атрофи тарабхонаҳои шаҳрро посбонӣ мекунанд.
Дағалгуфтории нозири роҳ
Мушкили №4 ин дағалгуфториву бадрафторӣ ва муносибати сарди кормандони БДА мебошад.
Ронандагон шикоят мекунанд, ки кормандони ин сохтор дар муносибат бо ронадагон дағалгуфторӣ мекунанд ва баъзан онҳоро ҳатто таҳдиду таҳқир низ менамоянд.

Дар тавсияҳои чанд сол қабл ироагардида зикр карда будем, ки барои кормандони БДА курсҳои махсуси омӯзишӣ баргузор намуда, одоби муносибат ва муошират омӯзонида шавад.
Кормандони БДА худ мегӯянд, ки дағалгуфторӣ ва фасод ба адами кормандони ботаҷриҷа ва ҳирфаӣ дар сафи ин сохтор вобаста аст.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки нафақат дараҷаи пасти тахассусӣ, ҳамчунин сатҳи пасти маълумоти умумӣ ва иродаю матонати кормандони БДА низ аз мушкилҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Дар ин замина низ бояд корҳои назаррас анҷом дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, тобистони соли 2023 аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат нигаронӣ карда, ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии БДА супориш дода буд, ки тамоми кормандони он аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Дар пайи ин, 83 нозир аз кор озод шуда, 270 нафар ба вазифаи пасттар таъин шудаанд ва боз даҳҳо нафари дигар ҷазои интизомӣ гирифтаанд.
Ҳамчунин, дар пайи интиқоди президент, ҷазо барои рондани мошин бо рақамҳои қалбакӣ ё рондани мошини шахси дигар сангинтар шуд.
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Хадамоти гумрук: Боҷ барои воридоти телефони мобилӣ ба Тоҷикистон 20% аз арзиши гумрукии телефон аст
Нархи сабзавот дар Тоҷикистон боло рафт. Сабаб дар чист?
Аз “Шаҳри ҳушманд” то кӯдакистони муосир. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе кадом биноҳоро ифтитоҳ кард?
Идомаи ҳамлаҳо, “ду ҳафта”-и беохири Трамп ва эҳтимоли оғози гуфтугӯ. Ҳаштумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Касе осеб надидааст”. Тарабхонаи “Яккасарой”- и Хуҷанд ба коми оташ рафт
Сафири Эрон гуфт, аз мавқеи Тоҷикистон, ки ҳамлаи Исроилро маҳкум кард, қадрдонӣ мекунанд
Темур Раҳимов медали биринҷӣ гирифт. Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо се медал ба ватан бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Гунҷишк”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 июни соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста