Ҳукумати Британияи Кабир рӯзи 12 майи соли 2025 "Китоби Сафед"-ро таҳти унвони "Restoring Control: Reforming the UK’s Immigration System to Deliver for the British People" пешниҳод кард. Ин санади барномавии иборат аз 82 саҳифа аст, ки дар он пешниҳодот оид ба бозбиниии қоидаҳои муҳоҷирати кишвар, асосан ба самти шадидтар кардани қоидаҳо дарҷ ёфтааст.

То кадом андоза маҳдудиятҳои нав барои шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзмарра ва муҳиманд?

 

Кори мавсимӣ дар Британияи Кабир

Ба ин кишвар рафтан барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдуд боқӣ мемонад. Тоҷикон барои кор дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии қулфинай (клубника), кор дар гармхонаҳо ва саҳроҳои кушод ба ин кишвар мераванд.

Чунин шуғл тариқи раводиди "Seasonal Worker visa" ба расмият дароварда мешавад, ки ба муҳлти 6 моҳ дода мешавад. Муҳлати раводидро дароз кардан ё иваз намудани он имкон надорад. Пас аз ба охир расидани муҳлати қарордод муҳоҷир бояд ба хонааш баргардад.

Шартҳо аз рӯйи "Seasonal Worker visa" тағйир дода намеёбад. Бо вуҷуди ин, ба сурати умум самти сиёсати муҳоҷирати Британияи Кабир бештар интихобӣ гардида, ба соҳибтахассусӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.
Теъдоди начандон зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир мераванд
Сурат: Klaus-Dietmar Gabbert/DPA/ТАСС

 

Таҳсил дар Британияи Кабир

Қоидаҳои нав ба донишҷӯёни хориҷӣ дахл мекунад. Мақомот муҳлатеро, ки давоми он хатмкунандагон метавонанд пас аз анҷоми таҳсил дар кишвар боқӣ бимонанд, кам мекунанд. Яъне аз 2 сол ба 1,5 сол кам мекунанд.

Ҳамчунин, имкони ҷорисозии андоз аз даромади донишгоҳҳо аз ҳисоби донишҷӯёни хориҷӣ баррасӣ мешавад. Маблағи ин андозро мехоҳанд, ки ба омодасозии мутахассисони бритониёӣ равона кунанд. Ҳол қарори ниҳоӣ қабул нашуда, лекин ин масъала фаъолона баррасӣ мешавад. Оянда агар барои донишгоҳҳо андоз ҷорӣ гардад, афзудани арзиши таҳсил низ аз эҳтимол дур нест.

Британия қаблан низ барои шаҳрвандони Тоҷикистон макони писандида барои таҳсил набуд, вале ҳоло ҳатто ҳолатҳои ҷудогона зери қоидаҳои нав қарор доранд.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, моҳи августи соли 2024 дар макотиби олии Британияи Кабир ҳамагӣ 18 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Ҳарчанд теъдоди онҳо ночиз бошад ҳам, маҳдудиятҳои нав метавонанд дохилшавӣ ба мактабҳои олии ин кишварро душвортар созанд.

 

Боз чӣ тағйир меёбад?

Муҳлат барои дарёфти иқомати доимӣ зиёд мешавад

Дар баробари дигар тағйирот, пешниҳоди тамдиди муҳлати иқомат аз 5 то 10 сол, ки барои гирифтани мақоми "ILR" зарур аст, ҷой дорад. Ин қоида ба бисёре аз муҳоҷирон бо шумули дорандагони раводиди корӣ дахл мекунад.

Ҳамчунин системаи “иқомати шоиста” мавриди баррасӣ қарор дорад, ки имкон медиҳад, ки агар муҳоҷир дар ҷомеа фаъолона иштирок кунад, масалан, тавассути кор, пардохти андоз ё иштирок дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои гирифтани "ILR" пештар дархост карда шавад.

Талаботи марбут ба забон

Талаботи вобаста ба забон низ сангинтар мешавад. Аризадиҳандаи асосӣ бояд забони англисиро дар сатҳи на пасттар аз В2 донад. Барои аъзои калонсоли оила равиши давра ба давра пешбинӣ шудааст: А1 ҳангоми вуруд, А2 - ҳангоми тамдиди муҳлати раводид ва В2 - зимни пешниҳоди ариза ба "ILR".

Шароити муҳоҷирати оилавӣ

Афзоиши даромади ҳадди ақалл (минималӣ), ки барои ҳамроҳ шудан ба оила, инчунин ҷорисозии талаботи марбут ба забон нисбати хешовандони калонсол ба нақша гирифта шудааст. Маҳдудиятҳо ҳамчунин оид ба вуруди аъзои калонсоли оила низ аз эҳтимол дур нест.

Бозбинии раводидҳо барои кори сатҳи ҳирфаиаш паст

Раводиди "Social Care"-ро, ки пас аз пандемия роҳандозӣ шудааст, қатъ кардан мехоҳанд. Ғайр аз ин, сатҳи ҳадди ақалли касб барои раводиди корӣ то сатҳи бакалавр боло меравад.


Раводидҳои муваққатӣ барои корҷӯёни дорои сатҳи нисбатан пасти касбӣ танҳо дар сурати норасоии шадиди кадрҳо ва бо шарти қаблан талош варзидани корфармоён барои дарёфти мутахассисони маҳаллӣ, дода мешаванд. То соли 2028 давраи гузариш боқӣ мемонад.

Раводидҳо барои боистеъдодҳо ва соҳибкорон

Самтҳои "High Potential Individual, Global Talent" ва "Innovator Founder" барои мутахассисони ҳирфаӣ ва сармоягузорон афзалиятнок боқӣ мемонанд. Онҳо барои тезтар гирифтани "ILR" шартҳо ва имконоти нисбатан мусоид пешниҳод месозанд, лекин сатҳи баланди омодагӣ, эътироф ва захираҳоро талаб мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.