Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Баҳрулло Юсуфзода, ронандае, ки зери чархи мошинаш Ҷасур Акрамови 16-сола, сокини шаҳри Душанбе ҷон бохта буд, гунаҳкор ҳисобида, ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора Фирдавс Акрамов, падари марҳум ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфт, ки ҳукм рӯзи 13-уми июн дар мурофиаи навбатӣ содир шудааст.
Додрас Баҳрулло Юсуфзодаро бо иттиҳоми "вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки боиси марги инсон мегардад” (қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии ҶТ) гунаҳкор ҳисобидааст.
Назари хонавода ва вакили дифоъи Баҳрулло Юсуфзода нисбат ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Қаблан Зарнигор Шоева, модари маҳкумшуда ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “ҳамчун модар бо дарди хонаводаи марҳум шарик ҳаст, чун бо хатои фарзандаш ин ҳодиса рух дод”.
Ӯ афзуда буд, ки Баҳрулло Юсуфзода аз волидайни Ҷасур Акрамов узр хостааст.
Ин қазия замоне расонаӣ гардид, ки Фирдавс Акрамов, падари ноболиғ бо нашри як номаи саркушода ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул хоста буд, ки парвандаи ҷиноии марги писарашро таҳти назорати шахсӣ гиранд.
Ӯ таъкид карда буд, ки падари муттаҳам корманди пулис аст ва аз рӯйи овозаҳо “ҳамаашро ҳал мекунанд, ҷазои вазнин намегиранд”.
Мурофиаи аввал дар доираи ин парванда рӯзи 2-юми июн дар Додгоҳи ноҳияи Сино оғоз шуда, рӯзҳои 3 ва 12-уми июн ду мурофиаи дигар баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки садамаи нақлиётӣ бо иштироки Баҳрулло Юсуфзода рӯзи 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе рух дод, ки дар натиҷа Ҷасур Акрамови 16-сола ҷароҳат бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, ҷон бохт. Сабаби ҳодиса “аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадан”-и Юсуфзода гуфта мешавад.
Тарси ҷанг ва эҳсоси бегонагӣ. Чаро шарҳрвандии Русия барои муҳоҷирон дигар ҷолиб нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июли соли 2025
Орди камғизо ва камхунии занон. Ҳукумат барои ҳалли ин мушкилот чӣ тадбир меандешад?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд. Президент дар Деваштич кадом иншоотро ба истифода дод?
Ёдгориҳои “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор мегардад
196 ё 72? Дар ҷанги Украина чанд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд?
Ҷаримаи роҳбари ошхонаи “Кабир”-и пойтахт барои “дӯздӣ”-и барқ
Пешакӣ огоҳ кунед. Муҳоҷирони тоҷик барои сафар ба Русия чӣ гуна бояд омодагӣ гиранд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 июли соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста