Пулиси шаҳри Душанбе аз истифодаи ғайриқонунии барқ аз сӯи роҳбари як ошхона дар пойтахт хабар дод, ки зарари расида 23 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод аз ӯ, Наврӯз Саидов, сокини 40-солаи пойтахт Душанбе роҳбари ошхонаи “Кабир” ном бурд, ки “тариқи пинҳонӣ ноқили барқро дар ошхонаи худ пайваст намуда, зимни омодасозии хурокворӣ аз нерӯи барқ истифода бурдааст”.
Ба иттилои РВКД дар Душанбе, зарари расонидашуда беш аз 23-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мақомот нагуфтаанд, ки ӯ тӯли чанд вақт аз барқ ғайриқонунӣ истифода кардааст.
Ҳоло нисбати Наврӯз Саидов барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ ё моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ин банди қонунгузорӣ ба шахсони ҳуқуқӣ аз 15 ҳазор то 22 ҳазору 500 (аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-1 нишондиҳанда 75 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.
Назари худи Наврӯз Саидов ба ин иттиҳом маълум нест.
Пулиси пойтахт бори дигар аз шаҳрвандон талаб кардааст, ки “қоидаҳои истифодабарии нерӯи барқро қатъиян риоя намоянд”.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд.
Дар асоси Кодекси ҷиноятии ҶТ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.
Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Тибқи иттилои расмӣ давоми 5 моҳи соли 2025 дар самти истифодаи нерӯи барқ дар умум 130 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шудаанд.
Сарвар Азимзода, муовини додситони кулли кишвар дар ҷаласае зикр кард, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, зиёда аз 39 миллион сомонӣ зарари аз истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва тассаруфи молу таҷҳизот ошкоршуда ба буҷаи давлат барқарор шудааст. Инчунин, дар ҷумҳурӣ беш аз 200 миллион сомонӣ қарз аз истифодаи қувваи барқ ошкор ва рӯёнида шудааст.





"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста